https://sputnik.tj/20250515/tojikiston-bandari-chobahor-eron-markazi-logistiki-tasis-1067343803.html
Тоҷикистон ба зудӣ дар бандари "Чобаҳор"-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
Тоҷикистон ба зудӣ дар бандари "Чобаҳор"-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ният дорад дар бандари "Чобахор"-и Эрон маркази логистикии худро таъсис диҳад ва дар он бо ширкати соҳибкорони тоҷик терминолҳо ва анборҳо созад
2025-05-15T10:49+0500
2025-05-15T10:49+0500
2025-05-16T17:56+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
нақлиёт
иқтисод
логистика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0c/1066198243_0:0:2557:1438_1920x0_80_0_0_4dfcc1c5fc84f29f67c2ac0a767ae3c8.jpg
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. То охири нимсолаи аввали соли 2025 ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи бунёди маркази логистикиро таҳия ва ба ҷониби Эрон ирсол мекунад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар.“Пас аз қабули ин санад, ҷониби Эрон дар давоми як моҳ онро баррасӣ карда, ба ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи шартномаи ҳамкориро бо назардошти имтиёзҳои давлатӣ ва муайян намудани маблағи дақиқи сармоягузорӣ пешниҳод месозад”, қайд кардааст вазоратинақлиёт.Ин вазорат зикр кардааст, ки бо таъсиси маркази логистикии худ дар бандари "Чобаҳор", ки дар вилояти Сиистону Балуҷистони Эрон ҷойгир аст, Тоҷикистон, ки то ҳол ба баҳр баромади мустақим надорад ва мехоҳад иқтисоди худро диверсификатсия кунад, ба зудӣ метавонад дар доираи долони байналмилалии мултимодалии нақлиётии "Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо" ба уқёнуси Ҳинд роҳ ёбад ва равобити фаъоли иқтисодиро бо кишварҳои минтақаи Осиёву уқёнуси Ором ва ҳошияи ин уқёнус, кишварҳои Халиҷи форс ва ҳатто Африқои шарқӣ ба роҳ монад.Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2023 дар доираи сафари расмии Президенти Эрон Саид Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории ду кишвар оид ба масъалаҳои ҳамлу нақли байналмилалии бор ва транзит тавассути бандари "Чобаҳор" ба имзо расид.Санади мазкурро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён имзо карда буданд.Моҳи январи соли 2025 аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён дар Душанбе Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон ҷиҳати рушди транзити борҳо тавассути бандари "Чобаҳор" ба имзо расид.Зери ин ҳуҷҷат Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ва Вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон Фарзона Содиқӣ имзо гузоштанд.
https://sputnik.tj/20250512/hamkori-hamlu-naql-tronziti-tehron-dushanbe-bandari-chobahor-1067323178.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0c/1066198243_203:0:2120:1438_1920x0_80_0_0_aca8f0da022dd4298b40b2d80070f05f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чобаҳор, бандар, эрон, ҳамкорӣ, нақлиёт, маркази логистикӣ, бунёд
тоҷикистон, чобаҳор, бандар, эрон, ҳамкорӣ, нақлиёт, маркази логистикӣ, бунёд
Тоҷикистон ба зудӣ дар бандари "Чобаҳор"-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
10:49 15.05.2025 (Навсозишуда: 17:56 16.05.2025) Тоҷикистон ният дорад дар бандари "Чобахор"-и Эрон маркази логистикии худро таъсис диҳад ва дар он бо ширкати соҳибкорони тоҷик терминолҳо ва анборҳо созад
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. То охири нимсолаи аввали соли 2025 ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи бунёди маркази логистикиро таҳия ва ба ҷониби Эрон ирсол мекунад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар.
“Пас аз қабули ин санад, ҷониби Эрон дар давоми як моҳ онро баррасӣ карда, ба ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи шартномаи ҳамкориро бо назардошти имтиёзҳои давлатӣ ва муайян намудани маблағи дақиқи сармоягузорӣ пешниҳод месозад”, қайд кардааст вазоратинақлиёт.
Ин вазорат зикр кардааст, ки бо таъсиси маркази логистикии худ дар бандари "Чобаҳор", ки дар вилояти Сиистону Балуҷистони Эрон ҷойгир аст, Тоҷикистон, ки то ҳол ба баҳр баромади мустақим надорад ва мехоҳад иқтисоди худро диверсификатсия кунад, ба зудӣ метавонад дар доираи долони байналмилалии мултимодалии нақлиётии "Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо" ба уқёнуси Ҳинд роҳ ёбад ва равобити фаъоли иқтисодиро бо кишварҳои минтақаи Осиёву уқёнуси Ором ва ҳошияи ин уқёнус, кишварҳои Халиҷи форс ва ҳатто Африқои шарқӣ ба роҳ монад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2023 дар доираи сафари расмии Президенти Эрон Саид Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории ду кишвар оид ба масъалаҳои ҳамлу нақли байналмилалии бор ва транзит тавассути бандари "Чобаҳор" ба имзо расид.
Санади мазкурро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён имзо карда буданд.
Моҳи январи соли 2025 аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён дар Душанбе Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон ҷиҳати рушди транзити борҳо тавассути бандари "Чобаҳор" ба имзо расид.
Зери ин ҳуҷҷат Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ва Вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон Фарзона Содиқӣ имзо гузоштанд.