https://sputnik.tj/20250514/shvidkoy-tojikiston-ejodiyoti-ilmi-munosibati-jiddi-dorad-1067338842.html
Швидкой: Тоҷикистон ба эҷодиёти илмӣ муносибати ҷиддӣ дорад
Швидкой: Тоҷикистон ба эҷодиёти илмӣ муносибати ҷиддӣ дорад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи намояндаи вижаи президенти Русия дар умури ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ, равобит дар соҳаи фарҳанг дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст
2025-05-14T17:51+0500
2025-05-14T17:51+0500
2025-05-14T17:51+0500
дар тоҷикистон
илм ва фанноварӣ
фарҳанг
фанноварӣ
русия
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0b/1048341697_0:0:3027:1703_1920x0_80_0_0_67787512f12e358dede4409777d704b0.jpg
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба корҳои илмӣ рафтори ҷиддӣ дорад.Дар ин бора намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой дар Анҷумани XVIII-и зиёиёни илмӣ ва эҷодии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Душанбе изҳор дошт, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.Ба гуфтаи Швидкой, ин раванд бо дастгиртӣ ва ҷонибдории раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифтааст."Эмомалӣ Раҳмон ба илм таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад, ки имрӯз як олими ҷавон, як инсони дорои нақшаву андешаҳои зиёд президенти Академияи илмҳо интихоб ва тасдиқ шудани он далели он аст, ки дар кишвар ба эҷодиёти илмӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад", - гуфт ӯ.Намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия ҳамчунин афзуд, ки равобит дар бахшҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир фаъолона рушд мекунад.Ғайр аз ин, Швидкой дар бораи аҳамияти кори илмӣ таъкид кард. Ҳамин тариқ ба гуфтаи вай, замиаи зеҳнӣ як қисми муҳими иқтисодиётро ташкил медиҳад."Агар қаблан дар ҳама гуна маҳсулот қисми зеҳнӣ 10-15%-и арзиши онро ташкил медод, имрӯз мо инро на танҳо дар истеҳсолоти осоишта, балки дар истеҳсолоти низомӣ, ба 80, ҳатто ба 90% мерасад, низ медидем. Ин кори зиёиён, ин кори олимон аст", - гуфт Швидкой.Бинобар ин дарк кардан лозим аст, ки оянда бештар ба эҷодиёти зеҳнӣ ва маънавӣ вобаста аст, гуфт дар хотима намояндаи вижаи президенти Русиядар умумри ҳамкории байналмилалӣ маданӣ.Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-15 май дар шаҳри Душанбе Анҷумани XVIII-и зиёиёни илмӣ ва эҷодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараён дорад.Дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар иштирокчиён аз тамоми кишварҳои ИДМ иштирок доранд. Анҷумани XVIII-и зиёиёни илмӣ ва эҷодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз соли 2006 ҳамасола баргузор мешавад. Дар доираи форум дар пойтахти Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои вижаи илмӣ омода карда шудаанд.
https://sputnik.tj/20250514/primakov-zaboni-rusi-kishvarhoi-osiyoi-miyona-hifz-shudaast-1067338325.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0b/1048341697_233:0:2962:2047_1920x0_80_0_0_ba0a199de873cce5240c612732ac33e9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, фарҳанг, илм, фанноварӣ, ҳамкорӣ, фарҳанг
тоҷикистон, русия, фарҳанг, илм, фанноварӣ, ҳамкорӣ, фарҳанг
Швидкой: Тоҷикистон ба эҷодиёти илмӣ муносибати ҷиддӣ дорад
Ба гуфтаи намояндаи вижаи президенти Русия дар умури ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ, равобит дар соҳаи фарҳанг дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба корҳои илмӣ рафтори ҷиддӣ дорад.
Дар ин бора намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой дар Анҷумани XVIII-и зиёиёни илмӣ ва эҷодии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Душанбе изҳор дошт, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Швидкой, ин раванд бо дастгиртӣ ва ҷонибдории раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифтааст.
"Эмомалӣ Раҳмон ба илм таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад, ки имрӯз як олими ҷавон, як инсони дорои нақшаву андешаҳои зиёд президенти Академияи илмҳо интихоб ва тасдиқ шудани он далели он аст, ки дар кишвар ба эҷодиёти илмӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад", - гуфт ӯ.
Намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия ҳамчунин афзуд, ки равобит дар бахшҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир фаъолона рушд мекунад.
Ғайр аз ин, Швидкой дар бораи аҳамияти кори илмӣ таъкид кард. Ҳамин тариқ ба гуфтаи вай, замиаи зеҳнӣ як қисми муҳими иқтисодиётро ташкил медиҳад.
"Агар қаблан дар ҳама гуна маҳсулот қисми зеҳнӣ 10-15%-и арзиши онро ташкил медод, имрӯз мо инро на танҳо дар истеҳсолоти осоишта, балки дар истеҳсолоти низомӣ, ба 80, ҳатто ба 90% мерасад, низ медидем. Ин кори зиёиён, ин кори олимон аст", - гуфт Швидкой.
Бинобар ин дарк кардан лозим аст, ки оянда бештар ба эҷодиёти зеҳнӣ ва маънавӣ вобаста аст, гуфт дар хотима намояндаи вижаи президенти Русиядар умумри ҳамкории байналмилалӣ маданӣ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-15 май дар шаҳри Душанбе Анҷумани XVIII-и зиёиёни илмӣ ва эҷодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараён дорад.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар иштирокчиён аз тамоми кишварҳои ИДМ иштирок доранд. Анҷумани XVIII-и зиёиёни илмӣ ва эҷодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз соли 2006 ҳамасола баргузор мешавад. Дар доираи форум дар пойтахти Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои вижаи илмӣ омода карда шудаанд.