https://sputnik.tj/20250513/zohidi-ravobiti-rohburdi-miyoni-eron-tojikiston-oghoz-1067328812.html
Зоҳидӣ: Фасли навин дар равобити роҳбурдӣ миёни Эрону Тоҷикистон оғоз шудааст
Зоҳидӣ: Фасли навин дар равобити роҳбурдӣ миёни Эрону Тоҷикистон оғоз шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ахиран дар бораи тақвияти муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миёни Тоыикистону Эрон таъкид кард
2025-05-13T09:36+0500
2025-05-13T09:36+0500
2025-05-13T09:36+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/0c/1067328646_0:6:714:409_1920x0_80_0_0_ab6dde307993fe3710deff29a8c7ac27.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигорони эронӣ таъкӣд кард, ки пас аз сафари раисҷумҳурии Эрон ба Тоҷикистон, равобити дуҷониба вориди марҳалае ҷадид ва пӯётар шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Садо ва симо”.Вай зимни таъкид бар умқи таърихӣ ва фарҳангӣ пайвандҳо миёни ду миллати афзуд.“Муддат ва ҳамдилӣ миёни Эрону Тоҷикистон дар болотарин сатҳи худ қарор дорад ва пас аз сафари раисҷумҳури Эрон ба Душанбе, фасли тозае дар равобити дуҷонибаи оғоз шудаас”, - гуфт ӯ.Сафир Тоҷикистон гуфт, ки равобити Теҳрону Душанбе реша дар таърихи муштараку мироси фарҳангӣ яксон дорад.Зоҳидӣ бо ёдоварии нақши пешгоми Эрон дар ба расмият шинохтани истиқлоли кишвараш, афзуд, ки Эрон аз нахустин кишварҳоӣ буд ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмияти шинохту мояи ифтихори мост, ки нахустин сафири хориҷӣ, ки устуворномаи худро дар Душанбе тақдим кард, намояндаи Эрон буд.Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, ки иртибототи миёни руасои ҷумҳури ду кишвар, афзоиш ёфта, табодули сафарҳои расмии миёни мақомоти баландпоя, нишонгари азми сиёсии муштарак барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ аст.Вай ҳамчунин ба барномаҳои муштараки фарҳангӣ ишора карду афзуд, ки баргузории ҳафтаҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон билъакс, аз ҷумлаи рӯйдодҳои арзишманд дар таъмиқи муносибот фарҳангӣ аст.Аз дигари дастовардҳои муҳим сафир гуфт, лағви раводиди 30 рӯза миёни ду кишвар аст, ки нақши басазое дар тасҳили гардишгарӣ ва таъомулоти мардумӣ ифо кардааст.Сафири Тоҷикистон дар Эрон бо ишора ба истиқболи мардуми Эрон аз сафар ба Тоҷикистон дар айём Наврӯз гуфт, ки наврӯзи имсол, шумори қобили таваҷҷуҳе аз гардишгарони эронии миҳмон мо буданд.
https://sputnik.tj/20250511/zohidi-taboduli-tijori-eronu-tojikiston-yak-milliard-dollar-1067318155.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/0c/1067328646_76:0:621:409_1920x0_80_0_0_7e08c143ed98d4c6cc695168dc5f06b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, сиёсат, сафир, теҳрон, муносибат
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, сиёсат, сафир, теҳрон, муносибат
Зоҳидӣ: Фасли навин дар равобити роҳбурдӣ миёни Эрону Тоҷикистон оғоз шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ахиран дар бораи тақвияти муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миёни Тоыикистону Эрон таъкид кард
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигорони эронӣ таъкӣд кард, ки пас аз сафари раисҷумҳурии Эрон ба Тоҷикистон, равобити дуҷониба вориди марҳалае ҷадид ва пӯётар шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Садо ва симо”.
Вай зимни таъкид бар умқи таърихӣ ва фарҳангӣ пайвандҳо миёни ду миллати афзуд.
“Муддат ва ҳамдилӣ миёни Эрону Тоҷикистон дар болотарин сатҳи худ қарор дорад ва пас аз сафари раисҷумҳури Эрон ба Душанбе, фасли тозае дар равобити дуҷонибаи оғоз шудаас”, - гуфт ӯ.
Сафир Тоҷикистон гуфт, ки равобити Теҳрону Душанбе реша дар таърихи муштараку мироси фарҳангӣ яксон дорад.
“Аз гузаштаҳои давр то имрӯз, ин равобит истимрор ёфта ва акнун низ бо ҷиддият дар масири тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимои гом бармдорем”, - таъкид кард сафир.
Зоҳидӣ бо ёдоварии нақши пешгоми Эрон дар ба расмият шинохтани истиқлоли кишвараш, афзуд, ки Эрон аз нахустин кишварҳоӣ буд ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмияти шинохту мояи ифтихори мост, ки нахустин сафири хориҷӣ, ки устуворномаи худро дар Душанбе тақдим кард, намояндаи Эрон буд.
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, ки иртибототи миёни руасои ҷумҳури ду кишвар, афзоиш ёфта, табодули сафарҳои расмии миёни мақомоти баландпоя, нишонгари азми сиёсии муштарак барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ аст.
Вай ҳамчунин ба барномаҳои муштараки фарҳангӣ ишора карду афзуд, ки баргузории ҳафтаҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон билъакс, аз ҷумлаи рӯйдодҳои арзишманд дар таъмиқи муносибот фарҳангӣ аст.
Аз дигари дастовардҳои муҳим сафир гуфт, лағви раводиди 30 рӯза миёни ду кишвар аст, ки нақши басазое дар тасҳили гардишгарӣ ва таъомулоти мардумӣ ифо кардааст.
Сафири Тоҷикистон дар Эрон бо ишора ба истиқболи мардуми Эрон аз сафар ба Тоҷикистон дар айём Наврӯз гуфт, ки наврӯзи имсол, шумори қобили таваҷҷуҳе аз гардишгарони эронии миҳмон мо буданд.