Боздиди наздик ба 24 ҳазор гардишгари хориҷӣ дар 4 моҳ аз вилояти Хатлон

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкВозобновление авиасообщения между Россией и Турцией
Возобновление авиасообщения между Россией и Турцией - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2025
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст, ки беш аз 270 ҳазор гардишгарони дохилию хориҷӣ дар чаҳор моҳи соли равон аз виляот диданд кардаанд
ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Мақомоти вилояти Хатлон аз афзоиши боздиди гардишгарони хориҷию дохилӣ ба вилоят хабар доданд.
Тибқи иттилои шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба вилоят дар 4 моҳи соли 2025 дар умум 272 454 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ташриф овардаанд.
Таъкид карда шудааст, ки аз ин шумор 248 591 нафарашон сайёҳони дохилӣ ва 23 863 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Мақомоти вилояти Хатлон қайд кардааст, ки ин шумор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 133 548 нафар зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 933 ёдгориҳову мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 121 меҳмонхона, 139 мавзеъҳои сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 142 тарабхона, 45 осорхонаҳо, 19 ширкатҳои сайёҳӣ, 128 чойхона, 371 банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 50 ҳомстей ва гестхаусҳо, 240 ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ, 68 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳҳо, 45 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо, 80 ишораҳои сарироҳӣ ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта танҳо дар зарфи 9 моҳи ахири соли равон ба ҷумҳурӣ 1,2 млн шаҳрванди хориҷӣ ташриф овард, ки аз ин миён 1,1 млн -ро шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ташкил дода буд.
Гиссарская крепость - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2024
Ҳамкориҳои сайёҳӣ тақвият меёбанд: Нияти ҷалби 500 ҳазор гардишгари рус ба Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, шумораи бешитари сайёҳонро шаҳрвандон аз кишвари ҳамсоя - Ӯзбекистон ташкил дода буданд.
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳа босуръат рушд менамояд.
Ҷолибтарин маконҳои Тоҷикистон барои сайёҳони рус шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фан, Искандаркӯл ва ғайра, мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0