https://sputnik.tj/20250512/artishi-rusiya-marz-viloyati-dnepropetrovsk-1067326833.html
Ба артиши Русия то марз бо вилояти Днепропетровск тақрибан як километр мондааст
Ба артиши Русия то марз бо вилояти Днепропетровск тақрибан як километр мондааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои вазорати дифои Русия, сарбозони ин кишвар як километр дуртар аз марзи вилояти Днепропетровски Украина қарор доранд
2025-05-12T18:59+0500
2025-05-12T18:59+0500
2025-05-12T18:59+0500
русия
украина
амалиёти вижа
марз
вазорати дифои русия
сарбоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/07/1067270345_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_e70a6a561374dc73daa2aab0f489f545.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Барои сарбозони Русия дар Ҷумҳурии Мардумии Донетск то марзи вилояти Днепропетровск каме бештар аз як километр мондааст, гуфт Игор Кимаковский, мушовири раҳбари ҷумҳури ба шабакаи телевизионии якуми Русия.“Дар минтақаи Орехово бузургтарин минтақаи мустаҳкамшудаи душман забт карда шуд. То сарҳади Днепропетровск каме бештар аз як километр боқӣ мондааст. Дар ҷануби Покровск - Красноармейски мо, маҳз дар самти сарҳади Днепропетровск муваффақиятҳо ба даст овардааем. Бачаҳои мо аз самти марзи Днепропетровск ба ҳамлаҳои ҷиддие шурӯъ карданд, аллакай аз як километр ҳам наздик шуданд”, -гуфт у.Илова бар ин, ба гуфтаи вай, дар самти Донетск, воҳидҳои артиши Русия пас аз оташбас ба хориҷ кардани душман аз деҳаи Алексеевка ва Богатир фаъолона шурӯъ карданд.Ба иттилои вазорати дифоъ, дар тӯли 24 соати гузашта гурӯҳи "Марказ" деҳаи Котляровкаро, 25 километрии ҷанубу ғарби Красноармейскро озод карданд.Дар баробари ин сарбозони рус дар деҳаҳои Русин Яр, Новая Полтавка, Уляновка, Разин, Миролюбовка, Димитров, Красноармейск, Зверев, Новосергеевка ва Алексеевка даҳ бригадаи Украинаро мағлуб карданд. Душман зиёда аз 440 сарбоз, се мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, ду тӯп ва 14 машинро талаф дод.
https://sputnik.tj/20250501/zarbai-artish-rusiya-nazdikii-furudgohi-borispol-kiev-1067190810.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/07/1067270345_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_2f86dc52d19ced2484de569f55739e00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, марз, днепропетровск, сарбоз, вазорати дифои русия
украина, русия, марз, днепропетровск, сарбоз, вазорати дифои русия
Ба артиши Русия то марз бо вилояти Днепропетровск тақрибан як километр мондааст
Ба иттилои вазорати дифои Русия, сарбозони ин кишвар як километр дуртар аз марзи вилояти Днепропетровски Украина қарор доранд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Барои сарбозони Русия дар Ҷумҳурии Мардумии Донетск то марзи вилояти Днепропетровск каме бештар аз як километр мондааст, гуфт Игор Кимаковский, мушовири раҳбари ҷумҳури ба шабакаи телевизионии якуми Русия.
“Дар минтақаи Орехово бузургтарин минтақаи мустаҳкамшудаи душман забт карда шуд. То сарҳади Днепропетровск каме бештар аз як километр боқӣ мондааст. Дар ҷануби Покровск - Красноармейски мо, маҳз дар самти сарҳади Днепропетровск муваффақиятҳо ба даст овардааем. Бачаҳои мо аз самти марзи Днепропетровск ба ҳамлаҳои ҷиддие шурӯъ карданд, аллакай аз як километр ҳам наздик шуданд”, -гуфт у.
Илова бар ин, ба гуфтаи вай, дар самти Донетск, воҳидҳои артиши Русия пас аз оташбас ба хориҷ кардани душман аз деҳаи Алексеевка ва Богатир фаъолона шурӯъ карданд.
Ба иттилои вазорати дифоъ, дар тӯли 24 соати гузашта гурӯҳи "Марказ" деҳаи Котляровкаро, 25 километрии ҷанубу ғарби Красноармейскро озод карданд.
Дар баробари ин сарбозони рус дар деҳаҳои Русин Яр, Новая Полтавка, Уляновка, Разин, Миролюбовка, Димитров, Красноармейск, Зверев, Новосергеевка ва Алексеевка даҳ бригадаи Украинаро мағлуб карданд. Душман зиёда аз 440 сарбоз, се мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, ду тӯп ва 14 машинро талаф дод.