Тоҷикистон рамзи "Пайки Ғалаба"-ро ба Узбекистон супорид

© Foto / Пресс-служба РоссотрудничестваТаджикистан передал символ эстафеты Победы Узбекистану
Таджикистан передал символ эстафеты Победы Узбекистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2025
Обуна шудан
Аксияи байналмилалии ҳарбӣ-ватандӯстии "Пайки Ғалаба", ки 2 феврал дар Мурманск оғоз шуд, аз Душанбе ба Узбекистон интиқол ёфт
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Тоҷикистон рамзи "Пайки Ғалаба" -ро ба Узбекистон супурд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Россотрудничество хабар додааст.
Тайи панҷ рӯз рамзи амалиёти байналмилалии ҳарбӣ-ватандӯстии "Пайки Ғалаба" аз марзи Қирғизистон тавассути Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар кард.
Рӯзи 8 май эстафетаро дар Душанбе пешвоз гирифтанд ва рӯзи 9 май, Рӯзи Ғалаба ин чорабинӣ аз ҷониби Узбекистон пазируфта шуд.
Торжественный прием, организованный посольствами Беларуси, Казахстана, Кыргызстана, России, Минобороны и МИД Таджикистана по случаю Дня Победы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2025
Вазири дифои Тоҷикистон: Ғалабаи бузург ин натиҷаи дӯстии халқҳо буд
Дар гузаргоҳи Фотеҳобод маросими ботантана супурдани "Пайки Ғалаба" баргузор шуд.
Дар ин маросим кормандони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Узбекистон ва гурӯҳи ҳамкориҳои марзбонии ФСБ Русия дар Тоҷикистон ширкат доштанд. Қарор аст, "Пайки Ғалаба" дар Узбекистон то 14 май баргузор шуда, пас аз он рамз ба марзбонони Туркманистон супорида шавад.
Рамзи "Пайки Ғалаба" капсулаест, ки дар хоки қалъаи Брест чамъ карда шудааст — яке аз аввалин хатҳои мудофиа, ки бори гарони қӯшунҳои фашистиро ба дӯши худ гирифтааст.
Ин маърака 2 феврали соли 2025 оғоз шуда, 28 май дар Маскав ба анҷом мерасад.
Қаблан маросими интиқоли "Пайки Ғалаба" аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар баландии 4300 метр дар гузаргоҳи "Қизил-Арт" баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0