Рустам Эмомалӣ: Ҷанги дуюми ҷаҳон то ҳанӯз дар хотираю қалбҳои халқи тоҷик эҳсос мешавад

© Foto / Дафтари матбуоти раиси шаҳри ДушанбеПаёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ба ифтихори 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба
Паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ба ифтихори 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2025
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе дар паёмаш ба ифтихори 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба гуфт Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи башарият аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо буд
ДУШАНБЕ, 9 мая — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар паёми шодбошиаш гуфт, ки сокинони сулҳпарвари Тоҷикистон дар қатори тамоми мардумони сулҳхоҳи олам ҷашни таърихии 80-умин солгарди Ғалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 таҷлил менамоянд.
Вай дар паёмаш собиқадорони меҳнат ва онҳоеро, ки барои ба даст овардани Ғалабаи бузург саҳми шаҳрвандии худро гузоштанд, табрик кард.
“Имрӯз бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати комил дар кишвар, ки бо талошҳои пайгиронаи президенти кишвар барқарор гардидааст, барои пешрафт ва боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон бо заҳмати аҳлона машғулем”, - таъкид кард Рустами Эмомалӣ.
Вай дар паёмаш қайд кард, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи башарият аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо ба шумор рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанӯз дар хотираю қалбҳои сокинони кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла халқи тоҷик эҳсос карда мешавад.
Парад в честь 80-летия Победы в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2025
Гузашти низомӣ бахшида ба 80-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе - акс
Дар фарҷоми паёмаш раиси шаҳри Душанбе ба ҳар як сокини киишва саломативу хонаи обод таманно намудааст ва ба Тоҷикистон сулҳу суботи ҷовидона ва ояндаи дурахшонро орзу кард.
Лентаи хабарҳо
0