Иштироки сарбозони тоҷик дар гузашти низомии таърихӣ дар Маскав - видео

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПарадный расчет армии Таджикистана во время военного парада в ознаменование 80-летия Победы в Великой Отечественной войне 1941-1945 годов на Красной площади в Москве
Парадный расчет армии Таджикистана во время военного парада в ознаменование 80-летия Победы в Великой Отечественной войне 1941-1945 годов на Красной площади в Москве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2025
Обуна шудан
Дар Маскав дар гузашти низоми бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарбозони Тоҷикистон иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Низомиёни Тоҷикистон дар гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ, ки дар Майдони Сурхи пойтахти Русия баргузор шуд, иштирок доштанд.
Дар гузашти низомӣ дар Майдони Сурх ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 100 нафар низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Нерӯҳои низомии кишварро нерӯҳои ҳавобурди ҳамлагари Тоҷикистон, ки ба ҳайати Нерӯҳои дастҷамъонаи зудамал ва Нерӯҳои зудамали Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) шомил мебошанд, намояндагӣ карданд.
Сарбозони тоҷикистониро дар ин гузашти низомӣ подполковник Рустам Шарифзода роҳбарӣ мекард.

Аз гузашти сарбозони тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар Майдони сурх ҳузур дошт, назорат мекард.
Ғайр аз сарбозони Тоҷикистон дар гузашти низомӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бу3зурги Ватанӣ сарбозони Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус, Ӯзбекистон, Чин, Кореяи Шимолӣ ва ғайра ширкат варзиданд.
Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар  Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2025
Эмомалӣ Раҳмон вориди Маскав шуд
Ёдовар мешавем, ки ин чорабинии тантанавии таърихӣ, ки бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Маскав баргузор шуд, роҳбарони даҳо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур дошт.
Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0