Қазоқистон мехоҳад маркази логистикии ИИАО шавад

© Sputnik / Владислав Воднев / Гузариш ба медиабонкAİİ bayrağı, arxiv
Aİİ bayrağı, arxiv - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2025
Обуна шудан
Вазорати савдои Қазоқистон пешниҳод намудааст, ки ин кишвар имкон дорад ба маркази рушди ҳамкориҳои ИИАО табдил ёбад
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Қазоқистон бо назардошти ҷуғрофиёи худ ният дорад ба як маркази логистикии ИИАО табдил ёбад ва ҳамчун маркази рушди ҳамкориҳо амал кунад.
Дар ин бора Вазорати савдои Қазоқистон ба РИА Новости иттилоъ дод.
Моҳи май ИИАО 10-солагии таъсиси худро ҷашн мегирад. Тавре муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук қаблан изҳор дошт, тайи даҳсолаи охир ИИАОА фазои мусоидро барои рушди тиҷорат, ҳамкориҳо ва татбиқи чаҳор озодии дар ҳуҷҷатҳои асосии ассотсиатсия муқарраршуда – озодии ҳаракати молҳо, хизматрасониҳо, сармоя ва қувваи корӣ фароҳам овард.
"Бо дарназардошти мавқеъи ҷуғрофӣ ва бунбасти континенталии кишвари худ, мо Қазоқистонро ҳамчун як маркази логистикии ИИАО қарор медиҳем. Бо ин мақсад корҳо барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар самтҳои "Шарқ - Ғарб", "Шимол - Ҷануб", инчунин масири байналмилалии нақлиётии транскаспий идома доранд", - гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати савдои Қазоқистон.
Дар баробари ин, вазорат қайд кард, ки Қазоқистон бузургтарин ва дар айни замон дуртарин давлат аз баҳр аст ва дар доираи ИИАО ӯҳдадор шудааст, ки интиқолдиҳандагони Қазоқистон бо тарифҳои роҳи оҳани дохилӣ дар самти бандарҳои баҳрӣ (асосан Таман, Усть-Луга ва ғайра) таъмин карда шаванд, ки ин имкон медиҳад хароҷоти молиявии корхонаҳои Қазоқистонро коҳиш диҳад.
Вазорат илова намуд, ки дар соли 2023 ИИАО оид ба дастгирии молиявии кооператсияи саноатӣ қарорҳои бунёдӣ қабул мекунад, ки ба корхонаҳои саноатӣ имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои назаррасро амалӣ намуда, ба ташаббусҳои бисёрҷониба бо таъсири ҳамгироӣ тамаркуз кунанд.
Флаги стран ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2025
Қазоқистон гуфт, дар даҳ соли ахир ИИАО чӣ дастовардҳо дошт
Тибқи маълумоти Вазорати савдои ҷумҳурӣ, манбаи маблағгузорӣ 10%-и ҳаҷми умумии даромадҳои буҷети кишварҳои узви ИИАО аз боҷи зиддидемпингӣ буда, ҳадди ниҳоии субсидия барои як лоиҳа 1,7 миллиард тенге (3,3 миллион доллар) дар як сол аст, дар давоми панҷ сол ин тақрибан 87 миллиард тенге (169,1 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.
"Қазоқистон бо дарназардошти ҷуғрофиё ва имконоти худ ният дорад, ки ҳамчун маркази рушди ҳамкориҳо амал кунад", - қайд кард вазорати савдои Қазоқистон.
Лентаи хабарҳо
0