https://sputnik.tj/20250506/bozii-tarikh-sitorahoi-futboli-tojikiston-rusiya-dushanbe-1067252093.html
Бозии таърихӣ: Ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе ҷамъ меоянд
Бозии таърихӣ: Ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе ҷамъ меоянд
Sputnik Тоҷикистон
Ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия ба хотири Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25 май таҷлил мешавад, дар шаҳри Душанбе бозии дӯстона баргузор мекунанд
2025-05-06T18:59+0500
2025-05-06T18:59+0500
2025-05-06T18:59+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
душанбе
дар тоҷикистон
бозии дӯстона
футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101788/68/1017886890_0:0:3123:1757_1920x0_80_0_0_5e6487227756dcbb704e7536f38021ee.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе рӯзи 22 майи соли равон бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия баргузор мегардад.Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки бозии мазкур ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.“Рӯзи 22 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе миёни ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия бозии дӯстона баргузор мешавад”, - иттилоъ додааст ФФТ.Тавре ин манбаъ хабар додааст, дар ҳайати дастаи ситораҳои Тоҷикистон футболбозони маъруф Валерий Турсунов, Олег Ширинбеков, Аслиддин Ҳабибуллоев, Алишер Туйчиев, Анваршо Мирзоев, Раҳматулло Фузайлов, Акмал Холматов, Рустам Хоҷаев, Суҳроб Ҳамидов, Тоҳир Муъминов, Субҳон Хоҷамов, Хуршед Маҳмудов, Одил Иргашев ва дигар бозигароне, ки дар рушди футболи кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, шомиланд.Дар ҳайати мунтахаби устураҳои Русия ситораҳо ба мисли Ринат Дасаев, Егор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков ва дигар собиқадорони футбол ширкат хоҳанд кард.Вохӯрии ситораҳо ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25 май таҷлил мешавад, бахшида шудааст.Қобили зикр аст, ки 7-уми майи соли гузашта Маҷмааи Умумии СММ бо қабули қатънома 25-уми майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.Ташаббуси эълон шудани Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
https://sputnik.tj/20241027/bozi-dustona-rusiya-tojikiston-andesha-korshinoson-1064872911.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101788/68/1017886890_317:0:3002:2014_1920x0_80_0_0_383f427be44b3c730263dd4fb1bd6e36.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, футбол, варзиш, бозии дӯстона, душанбе
тоҷикистон, русия, футбол, варзиш, бозии дӯстона, душанбе
Бозии таърихӣ: Ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе ҷамъ меоянд
Ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия ба хотири Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25 май таҷлил мешавад, дар шаҳри Душанбе бозии дӯстона баргузор мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе рӯзи 22 майи соли равон бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия баргузор мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки бозии мазкур ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
“Рӯзи 22 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе миёни ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия бозии дӯстона баргузор мешавад”, - иттилоъ додааст ФФТ.
Тавре ин манбаъ хабар додааст, дар ҳайати дастаи ситораҳои Тоҷикистон футболбозони маъруф Валерий Турсунов, Олег Ширинбеков, Аслиддин Ҳабибуллоев, Алишер Туйчиев, Анваршо Мирзоев, Раҳматулло Фузайлов, Акмал Холматов, Рустам Хоҷаев, Суҳроб Ҳамидов, Тоҳир Муъминов, Субҳон Хоҷамов, Хуршед Маҳмудов, Одил Иргашев ва дигар бозигароне, ки дар рушди футболи кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, шомиланд.
Дар ҳайати мунтахаби устураҳои Русия ситораҳо ба мисли Ринат Дасаев, Егор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков ва дигар собиқадорони футбол ширкат хоҳанд кард.
Вохӯрии ситораҳо ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25 май таҷлил мешавад, бахшида шудааст.
Қобили зикр аст, ки 7-уми майи соли гузашта Маҷмааи Умумии СММ бо қабули қатънома 25-уми майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.
Ташаббуси эълон шудани Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ пешниҳод шудааст.