https://sputnik.tj/20250504/tojikiston-behtar-numduni-ghizoi-maktabi-1067217108.html
Тоҷикистон гуфт барои беҳтар нумдуни ғизои мактабӣ чӣ кор хоаҳд кард
Тоҷикистон гуфт барои беҳтар нумдуни ғизои мактабӣ чӣ кор хоаҳд кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон дар дидор бо мудири Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) гуфт, ки соҳаи ғизои мактабӣ аз самтҳои муҳимми иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад
2025-05-04T12:59+0500
2025-05-04T12:59+0500
2025-05-04T12:59+0500
дар тоҷикистон
барои ғизои кӯдакони тоҷик
ғизо
мактаб
маориф
смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101550/41/1015504100_0:45:1390:827_1920x0_80_0_0_5edc9bc9071809c7a9ce7eb0e2a1732a.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Муовини вазири маориф ва илм Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода дар мулоқот бо директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам зикр кард, ки соҳаи ғизои мактабӣ аз самтҳои муҳимми иҷтимоии кишвар ба ҳисоб рафта, барои беҳбудии саломатии кӯдакон ва рушди неруи зеҳнии онҳо мусоидат мекунад.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.Ба гуфтаи вай, ки Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027 бо мақсади баланд бардоштани сифати ғизои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амалӣ шуда, бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамкории муассир бо БОҶ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.Дар ҳамин ҳол, мудири БОҶ дар Тоҷикистон дар ин дидор, таъкид кард, ки дар доираи марҳилаи нав (2025–2028) барнома боз ҳам тавсеа меёбад.Ба гуфтаи вай, соли 2025 наздики 50 мактаб бо таҷҳизоти зарурии ошхона таъмин мегарданд ва 40 мактаб бо фаъолияти тавлиди даромад, аз ҷумла гармхона ва занбӯрпарварӣ дастгирӣ хоҳанд ёфт.Дар н дидор ҷонибҳо омодагии худро барои густариши бештари барнома дар саросари кишвар ва таҳкими иқтидори маҳаллӣ дар самти ғизои мактабӣ изҳор намуданд.“Ҳамзамон, зарурати саҳми фаъолонаи мақомоти маҳаллӣ ва волидайн дар татбиқи муваффақонаи лоиҳа махсус таъкид гардид”, - қайд намудаст манбаъ.Зикр гардидааст, ки ҳадаф аз мулоқот тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва таъмини шароити беҳтари ғизои солим барои хонандагони мактабҳои кишвар мебошад.
https://sputnik.tj/20230118/rusiya-dushanbe-markaz-ghizo-maktabi-1054303898.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101550/41/1015504100_249:0:1404:866_1920x0_80_0_0_b6a6e54656ccafb16a4ffd68bfc19983.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ғизои мактабӣ, смм, маориф, мактаб, барнома
тоҷикистон, ғизои мактабӣ, смм, маориф, мактаб, барнома
Тоҷикистон гуфт барои беҳтар нумдуни ғизои мактабӣ чӣ кор хоаҳд кард
Мақомоти Тоҷикистон дар дидор бо мудири Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) гуфт, ки соҳаи ғизои мактабӣ аз самтҳои муҳимми иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Муовини вазири маориф ва илм Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода дар мулоқот бо директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам зикр кард, ки соҳаи ғизои мактабӣ аз самтҳои муҳимми иҷтимоии кишвар ба ҳисоб рафта, барои беҳбудии саломатии кӯдакон ва рушди неруи зеҳнии онҳо мусоидат мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, ки Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027 бо мақсади баланд бардоштани сифати ғизои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амалӣ шуда, бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамкории муассир бо БОҶ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.
Дар ҳамин ҳол, мудири БОҶ дар Тоҷикистон дар ин дидор, таъкид кард, ки дар доираи марҳилаи нав (2025–2028) барнома боз ҳам тавсеа меёбад.
Ба гуфтаи вай, соли 2025 наздики 50 мактаб бо таҷҳизоти зарурии ошхона таъмин мегарданд ва 40 мактаб бо фаъолияти тавлиди даромад, аз ҷумла гармхона ва занбӯрпарварӣ дастгирӣ хоҳанд ёфт.
Дар н дидор ҷонибҳо омодагии худро барои густариши бештари барнома дар саросари кишвар ва таҳкими иқтидори маҳаллӣ дар самти ғизои мактабӣ изҳор намуданд.
“Ҳамзамон, зарурати саҳми фаъолонаи мақомоти маҳаллӣ ва волидайн дар татбиқи муваффақонаи лоиҳа махсус таъкид гардид”, - қайд намудаст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки ҳадаф аз мулоқот тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва таъмини шароити беҳтари ғизои солим барои хонандагони мактабҳои кишвар мебошад.