https://sputnik.tj/20250504/putin-rusiya-amaliyoti-vizha-makhsus-omodagi-nagirifta-1067219347.html
Путин гуфт, Русия ба амалиёти вижаи низомӣ махсус омодагӣ нагирифта буд
Путин гуфт, Русия ба амалиёти вижаи низомӣ махсус омодагӣ нагирифта буд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия дар як мусоҳибааш гуфт, ки кишвараша махсус ба амалиёти вижаи низомӣ омодагӣ нагирифта буд, балки мехост мушкилотро бо роҳи осоишта ҳал кунад
2025-05-04T17:59+0500
2025-05-04T17:59+0500
2025-05-04T17:59+0500
амалиёти вижа
украина
русия
дар русия
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1d/1067174189_0:0:3123:1757_1920x0_80_0_0_93f04f055568fc9b1cc8a615e3c27564.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, Русия махсус барои амалиёти вижаи низомӣ дар ҳудуди Украина омодагӣ нагриф та буд, балки талош мекард, мушкили Донбассро бо роҳи осоишта ҳал кунад."Мо қасдан ба ин омода набудем. Мо самимона талош мекардем, ки мушкили Донбассро бо роҳи сулҳомез ҳал кунем. Аммо маълум шуд, ки ҷониби дигар ба таври дигар фикр ва амал мекунад", гуфт Путин дар филми мустанади Саида Медведева ва Павел Зарубин "Русия. Кремл. Путин. 25 сол" дар шабакаи телевизионии "Россия".Оқои Путин таъкид кард, ки Ғарб бп огоҳиҳое, ки дар конфронси Мюнхен гуфта буд, вокуниши дуруст диҳад ва маҳз ҳамин боиси рӯйдоди фоҷиабор дар Украина шуд."Мутаассифона, нашуниданд. Яъне ҳама шуниданд, аммо вокуниши дурусте накарданд. Дар ниҳоят, ин боиси ҳодисаҳои фоҷиабори имрӯз дар Украина шуд", - гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20250503/zelenskiy-rahbaron-khoriji-qasd-safar-maskav-tahdid-kard-1067213260.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1d/1067174189_70:0:2799:2047_1920x0_80_0_0_47688a3dfde615d38f8f9c4fec7c1af6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, путин, амалиёти вижа, омодагӣ, мушкилот, украина
русия, путин, амалиёти вижа, омодагӣ, мушкилот, украина
Путин гуфт, Русия ба амалиёти вижаи низомӣ махсус омодагӣ нагирифта буд
Раисҷумҳури Русия дар як мусоҳибааш гуфт, ки кишвараша махсус ба амалиёти вижаи низомӣ омодагӣ нагирифта буд, балки мехост мушкилотро бо роҳи осоишта ҳал кунад
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, Русия махсус барои амалиёти вижаи низомӣ дар ҳудуди Украина омодагӣ нагриф та буд, балки талош мекард, мушкили Донбассро бо роҳи осоишта ҳал кунад.
"Мо қасдан ба ин омода набудем. Мо самимона талош мекардем, ки мушкили Донбассро бо роҳи сулҳомез ҳал кунем. Аммо маълум шуд, ки ҷониби дигар ба таври дигар фикр ва амал мекунад", гуфт Путин дар филми мустанади Саида Медведева ва Павел Зарубин "Русия. Кремл. Путин. 25 сол" дар шабакаи телевизионии "Россия".
Оқои Путин таъкид кард, ки Ғарб бп огоҳиҳое, ки дар конфронси Мюнхен гуфта буд, вокуниши дуруст диҳад ва маҳз ҳамин боиси рӯйдоди фоҷиабор дар Украина шуд.
"Мутаассифона, нашуниданд. Яъне ҳама шуниданд, аммо вокуниши дурусте накарданд. Дар ниҳоят, ин боиси ҳодисаҳои фоҷиабори имрӯз дар Украина шуд", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.