https://sputnik.tj/20250502/rahmon-rohbariyati-furudgohi-dushanbe-oshkori-kambudi-1067203422.html
Раҳмон роҳбарияти фурудгоҳи Душанберо барои ошкори камбудиҳои ҷиддӣ аз кор озод кард
Раҳмон роҳбарияти фурудгоҳи Душанберо барои ошкори камбудиҳои ҷиддӣ аз кор озод кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон гуфт, ки санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти “фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” хабар дод
2025-05-02T15:36+0500
2025-05-02T15:36+0500
2025-05-04T19:20+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
фурудгоҳ
тағийроти кадрӣ
кадр
таъйиноти кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101675/97/1016759727_0:0:1465:824_1920x0_80_0_0_c4cc2c2ce957d0a080f749b809aa93e9.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Бо дастури президенти Тоҷикистон Директори генералии ҶСК “фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Абдуллозода Исматулло ва муовинони ӯ аз вазифаҳо озод карда шуданд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Бо фармони дигар Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" Шарифзода Зайнулло Маҳмадуллоро таъин кард.Шарифзода Зайнулло қаблан дар вазифаи директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон кор мекард.Ёдовар мешавем, ки қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба Абдуллозода Исматулло, директори генералии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" барои дастовардҳои баланди хизматӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар пешрафти кишвар Медали ҷашнии "30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон" тақдим карда буд.Абдуллозода Исматулло аз моҳи январи соли 2016 роҳбарии Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо ба зимма дошт.Ӯ дар ин мақом Рустам Холиқовро иваз намуда буд, ки бо дастури раисиҷумҳур барканор гардида буд.Раисҷумҳури Тоҷикистон 2 май дар сохторҳои қудратӣ ва як қатор вазорату идораҳои Тоҷкистон тағйироти кадрӣ анҷом дод.
https://sputnik.tj/20250502/rahmon-kadrho-ivaz-taghyiroti-kadri-sokhtor-qudrati-vazorat-1067202761.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101675/97/1016759727_0:0:1237:928_1920x0_80_0_0_93e6275f55b46bcc5025bddfa11c7863.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фурудгоҳ, душанбе, камбудии ҷиддӣ, мақомот
тоҷикистон, фурудгоҳ, душанбе, камбудии ҷиддӣ, мақомот
Раҳмон роҳбарияти фурудгоҳи Душанберо барои ошкори камбудиҳои ҷиддӣ аз кор озод кард
15:36 02.05.2025 (Навсозишуда: 19:20 04.05.2025) Мақомоти Тоҷикистон гуфт, ки санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти “фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” хабар дод
ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Бо дастури президенти Тоҷикистон Директори генералии ҶСК “фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Абдуллозода Исматулло ва муовинони ӯ аз вазифаҳо озод карда шуданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
“Дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Бо фармони дигар Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" Шарифзода Зайнулло Маҳмадуллоро таъин кард.
Шарифзода Зайнулло қаблан дар вазифаи директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон кор мекард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба Абдуллозода Исматулло, директори генералии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" барои дастовардҳои баланди хизматӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар пешрафти кишвар Медали ҷашнии "30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон" тақдим карда буд.
Абдуллозода Исматулло аз моҳи январи соли 2016 роҳбарии Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо ба зимма дошт.
Ӯ дар ин мақом Рустам Холиқовро иваз намуда буд, ки бо дастури раисиҷумҳур барканор гардида буд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон 2 май дар сохторҳои қудратӣ ва як қатор вазорату идораҳои Тоҷкистон тағйироти кадрӣ анҷом дод.