Истеҳсоли наздик ба 14 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ аз сӯйи корхонаҳои Тоҷикистон

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПредприятие по производству металлических труб и профилей "Сугдметалл"
Предприятие по производству металлических труб и профилей Сугдметалл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2025
Обуна шудан
Ба иттилои вазорати саноат, дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ ба 1332,35 сомонӣ баробар шуд
ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли равон корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 13 млрду 846,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Дар ин бора вазорати саноат ва технололгияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст.
Вазорат қайд кардааст, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 23,4% зиёд аст.
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-марти соли равон ҳаҷми истеҳсол дар саноати коркард ба шаш миллиарду 490 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 2,1% зиёд аст.
Қайд карда шудааст, ки рушди минбаъдаи иқтисодиёт, аз самаранок истифода гардидани сарватҳои табиӣ ва вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ вобаста мебошад.
Дар семоҳаи аввали соли равон дар саноати истихроҷи маъдан ба маблағи беш аз 4,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки 1,8 баробар зиёд аст.
Завод по переработке отходов в Гулистоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2025
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат афзуд
“Афзоиши суръати рушди саноати истихроҷи маъдан аз рӯи намудҳои маҳсулоти истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби истихроҷи ангишт ва бур 30 дарсад, маъданҳои филизӣ 1,7 баробар, канданиҳои фоиданок 1,5 баробар мушоҳида мегардад”, - қайд намудааст вазорат.
Инчунин қайд карда шудааст, ки дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ ба 1332,35 сомонӣ баробар шуд.
Тибқи дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат соҳаи саноат яке аз бахшҳои ояндадори кишвар буда, ҳоло ин соҳаи ҳаётан муҳими мамлакат дар марҳалаи рушди устувор аст.
Лентаи хабарҳо
0