Тоҷикистон барои 20 сол аз Роғун ба Қазоқистон нерӯи барқ мефурӯшад

© Sputnik / Стас ЭтвешРогунская ГЭС
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2025
Обуна шудан
Тибқи тарҳи интишоршудаи созишнома, қимати нерӯи барқ аз нерӯгоҳи Роғун барои Қазоқистон ҳамагӣ 3,4 сентро ташкил хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Тоҷикистон ба Қазоқистон аз нерӯгоҳи барқи обии Роғун нерӯи барқ хоҳад дод.
Интизор меравад, ки қарордод миёни кишварҳо дар соли равон миёни вазирони энергетикаи ду кишвар ба имзо бирасад.
Ҳукумати Қазоқистон аллакай лоиҳаи созишномаи дахлдори байниҳукуматиро бо ҷониби Тоҷикистон тасдиқ кардааст.
Санад дар сомонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Қазоқистон "Адилет" нашр шудааст.
Тибқи ин созишнома, Тоҷикистон дар тӯли 20 сол ба Қазоқистон нерӯи барқро дар давраҳои норасоии барқ ​​дар минтақаи шимолу ҷанубии Системаи ягонаи барқи Қазоқистон таъмин хоҳад кард.
Арзиши 1 кВт⋅соат аз Тоҷикистон $0,034 хоҳад буд.
Созишнома барои 20 сол бо имкони тамдиди 10 сол эътибор хоҳад дошт.
Тибқи ин тарҳ интиқоли пешбинишудаи нерӯи барқ ​​тавассути хатҳои интиқоли барқи байнидавлатӣ бо дарназардошти имконоти фаннии кишварҳои ҳамсоя барои транзит сурат мегирад.
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2025
Тоҷикистон барои сохтмони шаш иншоотҳои давлатӣ ва дастгирии НБО “Роғун” пул пайдо кард
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ҳанӯз дар замони шӯравӣ таҳия шуда, корҳои сохтмонӣ дар он замон оғоз гардида буд.
Аммо ба далели ҷанги дохилӣ, камбуди пул ва мухолифати як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонистааст онро анҷом диҳад; сохтмон танҳо дар соли 2016 оғоз ёфт.
Нерӯгоҳ дар 110 километрии шарқи Душанбе вокеъ буда, калонтарин нерӯгоҳи барқи обии Осиёи Миёна мебошад.
Дар НБО шаш чарха вуҷуд дорад, ки иқтидори ҳар кадоми он 600 МВт мебошад. Истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқи НБО Роғун дар як сол беш аз 7 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ ​​пешбинӣ шудааст.
Қаблан мақомоти Қазоқистон борҳо ба мушкили рӯзафзуни нарасидани нерӯи барқ ​​дар ҷумҳурӣ ишора карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0