https://sputnik.tj/20250430/tuychi-erjigitov-sina-sipar-kard-joni-hamrohonashro-najot-1067182766.html
Фаромӯш набояд кард: Туйчӣ Эрҷигитов сина сипар кард, то ҷони ҳамроҳонашро наҷот диҳад
Фаромӯш набояд кард: Туйчӣ Эрҷигитов сина сипар кард, то ҷони ҳамроҳонашро наҷот диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Туйчӣ Эрҷигитов дар рӯзхои муқоввимати шадид бар фашистон дар солхои Чанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони Шӯравиро ба сӯйи ғалаба бурд ва худаш қаҳрамон шуд
2025-04-30T19:29+0500
2025-04-30T19:29+0500
2025-05-02T19:07+0500
видео
ашт
суғд
80-солагии ғалаба
ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
қаҳрамонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1e/1067182575_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_ad2bfede78cd9e18582e6ac6570f3335.jpg
Ҳоло ба ифтихори ин абадзиндаи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мактаби № 30 и ноҳияи Ашт ба номи Туйчӣ Эрҷигитов гузошта шудааст. Ва деҳаеро ҳам ки Ӯ ба дунё омада буд, барои поси хотири ин сарбози содиқи Шӯравӣ аз Булоқ ба Қаҳрамон табдили ном кардаанд.Шавкат Шарифов, устоди таърихшиноси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мегуяд, корномаи Туйчӣ Эрҷигитов, яке аз саҳифаҳои дурахшони орномаҳои фиристодагони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад.Бино ба нақли ин таърихшинос, Эрҷигитов соли 1943, замоне, ки 22 сола буд, дар яке аз муҳорибаҳои шадидтарини ҷабҳаи Волхов қаҳрамонии Александор Матросовро такрор кардааст.Чанд куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ 9 майро дар Тоҷикистон таҷлил мекунанд“Вақте сарбозони Шӯравӣ дар ҳуҷум бар фашистон ба муқобилияти шадид дучор мешаванд, Туйчӣ пинҳонӣ ба тарафи истеҳком оташфишони (ДЗОТ) и душманҳо гузашта пеши сурохии пулемётро бо синаи худ мепӯшонад. Аз ин амали беназири ӯ, фашистон ба ҳайрат меафтанд ва дар ин ҳангом барои ҳуҷуми сарбозони Шӯравӣ имконият фароҳам меояд. Туйчӣ бо ин мардонагии худ, ҷони садҳо сарбозони шӯравиро мехарад ва шарафмандона ҳалок мешавад”, - зикркард, Шарифов.Дар соли 1944 баъд аз марг бо фармони Раёсати олии Тоҷикистон ба Туйчӣ Эрҷигитов унвони қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода мешавад.Дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи Ғалабаро сазовор қайд карданиянд: эълони шумори собиқадоронХабарнигори Sputnik Тоҷикистон чанде қабл ба ноҳияи Ашт сафар карда, аз осорхонаи таърихии ин қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дидан намуд. Корбарони Sputnik Тоҷикистон метавонанд аз ин видео нигораву ҳуҷҷат ва тасвирҳо роҷеъ ба рӯзгор ва корномаи Туйчӣ Эрҷигитовро тамошо кунанд.
ашт
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1e/1067182575_114:0:1554:1080_1920x0_80_0_0_115e3ba3ce240aea85d609002dc56199.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, ашт, суғд, туйчӣ эрҷигитов, қаҳрамонӣ ғалаба, форомуш
видео, ашт, суғд, туйчӣ эрҷигитов, қаҳрамонӣ ғалаба, форомуш
Фаромӯш набояд кард: Туйчӣ Эрҷигитов сина сипар кард, то ҷони ҳамроҳонашро наҷот диҳад
19:29 30.04.2025 (Навсозишуда: 19:07 02.05.2025) Эксклюзив
Туйчӣ Эрҷигитов дар рӯзҳои муқовимати шадид бар фашистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони Шӯравиро ба сӯйи Ғалаба бурд ва худаш қаҳрамон шуд
Ҳоло ба ифтихори ин абадзиндаи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мактаби № 30 и ноҳияи Ашт ба номи Туйчӣ Эрҷигитов гузошта шудааст. Ва деҳаеро ҳам ки Ӯ ба дунё омада буд, барои поси хотири ин сарбози содиқи Шӯравӣ аз Булоқ ба Қаҳрамон табдили ном кардаанд.
Шавкат Шарифов, устоди таърихшиноси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мегуяд, корномаи Туйчӣ Эрҷигитов, яке аз саҳифаҳои дурахшони орномаҳои фиристодагони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад.
Бино ба нақли ин таърихшинос, Эрҷигитов соли 1943, замоне, ки 22 сола буд, дар яке аз муҳорибаҳои шадидтарини ҷабҳаи Волхов қаҳрамонии Александор Матросовро такрор кардааст.
“Вақте сарбозони Шӯравӣ дар ҳуҷум бар фашистон ба муқобилияти шадид дучор мешаванд, Туйчӣ пинҳонӣ ба тарафи истеҳком оташфишони (ДЗОТ) и душманҳо гузашта пеши сурохии пулемётро бо синаи худ мепӯшонад. Аз ин амали беназири ӯ, фашистон ба ҳайрат меафтанд ва дар ин ҳангом барои ҳуҷуми сарбозони Шӯравӣ имконият фароҳам меояд. Туйчӣ бо ин мардонагии худ, ҷони садҳо сарбозони шӯравиро мехарад ва шарафмандона ҳалок мешавад”, - зикркард, Шарифов.
Дар соли 1944 баъд аз марг бо фармони Раёсати олии Тоҷикистон ба Туйчӣ Эрҷигитов унвони қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода мешавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон чанде қабл ба ноҳияи Ашт сафар карда, аз осорхонаи таърихии ин қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дидан намуд. Корбарони Sputnik Тоҷикистон метавонанд аз ин видео нигораву ҳуҷҷат ва тасвирҳо роҷеъ ба рӯзгор ва корномаи Туйчӣ Эрҷигитовро тамошо кунанд.