https://sputnik.tj/20250429/tojikiston-afzoishi-hamkorihoi-iqtisodi-kishvarhoi-eko-1067161248.html
Тоҷикистон аз афзоиши ҳамкориҳои иқтисоди бо кишварҳои узви ЭКО хабар дод
Тоҷикистон аз афзоиши ҳамкориҳои иқтисоди бо кишварҳои узви ЭКО хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, ки гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ЭКО дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 18 фоиз зиёд шудааст
2025-04-29T13:06+0500
2025-04-29T13:06+0500
2025-04-29T13:24+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
созмони ҳамкории иқтисодӣ (эко)
мизони табодули коло
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1d/1067164162_0:242:3068:1968_1920x0_80_0_0_26b3e064ab1dbf7810bc24b556427b07.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар аввалини Форуми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Аркадаги Туркманистон баргузор шуд, гуфт, ки дар соли 2024 ҳиссаи савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои ЭКО 33%-ро ташкил дод.Вай афзуд, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ЭКО дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 18% афзудааст.Ҳамчунин вазир кишварҳои узви ЭКО-ро ба Душанбе барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо даъват кард“Вобаста ба ин аз ҳамаи кишварҳои ЭКО даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ фаъолона иштирок намоянд”, - гуфт ӯ.Завқӣ Завқизода ҳамзамон дар ин чорабинӣ изҳор дошт, ки мутобиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таъмини рушди устувор ва ба ин васила ноил гардидан ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳадафи олии ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.Ҳамчунин мақомдори тоҷик пешниҳод намуд, ки дар Дурнамои навбатии ЭКО барои солҳои 2026-2035 ба ҳамкориҳо дар самтҳои савдо ва сармоягузорӣ, рушди сабз, аз ҷумла энергеяи сабз, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии глобалии иқлим ва пайвастшавии нақлиётиву логистикӣ афзалият дода шавад.Ёдовар мешавем, ки ЭКО соли 1985 таъсис ёфта, имрӯз даҳ кишвари узвро, аз қабили Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркия, Покистон ва Афғонистон муттаҳид мекунад.ЭКО ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои узв бо ҳадафи рушди устувор ва афзунсозии суботи минтақавӣ равона шудааст.
https://sputnik.tj/20230124/muarrifii-mavqe-tojikiston-hamkori-eko-1054453147.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1d/1067164162_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e33e73edf077977460945c38099e38b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эко, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, табодули коло, савдо, даъват, конфронс
тоҷикистон, эко, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, табодули коло, савдо, даъват, конфронс
Тоҷикистон аз афзоиши ҳамкориҳои иқтисоди бо кишварҳои узви ЭКО хабар дод
13:06 29.04.2025 (Навсозишуда: 13:24 29.04.2025) Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, ки гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ЭКО дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 18 фоиз зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар аввалини Форуми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Аркадаги Туркманистон баргузор шуд, гуфт, ки дар соли 2024 ҳиссаи савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои ЭКО 33%-ро ташкил дод.
Вай афзуд, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ЭКО дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 18% афзудааст.
Ҳамчунин вазир кишварҳои узви ЭКО-ро ба Душанбе барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо даъват кард
“Вобаста ба ин аз ҳамаи кишварҳои ЭКО даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ фаъолона иштирок намоянд”, - гуфт ӯ.
Завқӣ Завқизода ҳамзамон дар ин чорабинӣ изҳор дошт, ки мутобиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таъмини рушди устувор ва ба ин васила ноил гардидан ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳадафи олии ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.
“Дар ин замина Тоҷикистон дар даҳ соли охир, яъне марҳиллаи аввали татбиқи Стратегияи номбурда, рушди устувори иқтисодиро бо ҳисоби миёнасолона 7,5% таъмин намуда, танҳо дар соли 2024 ин нишондиҳанда 8,4% афзоиш ёфт”, - қайд кард вазири тоҷик.
Ҳамчунин мақомдори тоҷик пешниҳод намуд, ки дар Дурнамои навбатии ЭКО барои солҳои 2026-2035 ба ҳамкориҳо дар самтҳои савдо ва сармоягузорӣ, рушди сабз, аз ҷумла энергеяи сабз, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии глобалии иқлим ва пайвастшавии нақлиётиву логистикӣ афзалият дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки ЭКО соли 1985 таъсис ёфта, имрӯз даҳ кишвари узвро, аз қабили Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркия, Покистон ва Афғонистон муттаҳид мекунад.
ЭКО ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои узв бо ҳадафи рушди устувор ва афзунсозии суботи минтақавӣ равона шудааст.