https://sputnik.tj/20250428/dushanbe-iftikhori-80-solagii-ghalaba-poyga-barguzor-shud-1067144886.html
Дар Душанбе ба ифтихори 80-солагии Ғалаба пойга баргузор шуд
Дар Душанбе ба ифтихори 80-солагии Ғалаба пойга баргузор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойга ба ифтихори 80-солагии Ғалаба дар Тоҷикистон беш аз 400 нафар ширкат карданд 28.04.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-04-28T09:30+0500
2025-04-28T09:30+0500
2025-04-28T11:39+0500
дар тоҷикистон
душанбе
пойга
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1c/1067145257_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_be0aca0d94ff84d6d77b0a58964c82f9.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр – Sputnik. Ба ифтихори 80-умин солгарди Ғалабаи бузург дар пойтахти Тоҷикистон пойга баргузор шуд, хабар дод ба рӯзноманигорон Лейсан Абдуллина, котиби матбуотии намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон.Ба гуфтаи вай, аз Маҷмааи ёдбуди хотираи фавтидагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Боғи Ғалаба варзишгарони ҳирфаӣ ва давандагони синну сол ва касбҳои гуногун, ки махсус аз шаҳрҳои Тоҷикистону Русия омада буданд, ба хати аввал баромаданд. Пойга ба масофаи 7 километр байни калонсолон аз рӯи намуди инфиродӣ, инчунин аз рӯи намуди экиден (эстафетаи командавӣ дар марафон) ба масофаи 500 метр байни бачагон гузаронда шуд.Теъдоди иштирокчиён ва ҷуғрофиёи намояндагӣ моро шод мекунад - ин нишон медиҳад, ки мардум хотираи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аҳамияти Ғалабаи муштараки моро қадр мекунанд ва инчунин зарурати нигоҳ доштани ин хотира ба хотири наслҳои оянда", - таъкид кард роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушев. Пойгаро намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон, шаҳрдории Душанбе ва Ассотсиатсияи давидан ва марафони Тоҷикистон ташкил кардаанд.
https://sputnik.tj/20250427/tojikiston-ishtirokchi-jangi-buzurgi-vatani-1067143617.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1c/1067145257_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_bd6fdf8096724e558b07c3e3850d6344.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, душанбе, пойга, навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон, душанбе, пойга, навигариҳои варзиши тоҷикистон
Дар Душанбе ба ифтихори 80-солагии Ғалаба пойга баргузор шуд
09:30 28.04.2025 (Навсозишуда: 11:39 28.04.2025) Дар пойга ба ифтихори 80-солагии Ғалаба дар Тоҷикистон беш аз 400 нафар ширкат карданд
ДУШАНБЕ, 28 апр – Sputnik. Ба ифтихори 80-умин солгарди Ғалабаи бузург дар пойтахти Тоҷикистон пойга баргузор шуд, хабар дод ба рӯзноманигорон Лейсан Абдуллина, котиби матбуотии намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон.
"Дар пойга ба ифтихори 80-умин солгарди Ғалабаи бузург, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, 420 нафар ширкат карданд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, аз Маҷмааи ёдбуди хотираи фавтидагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Боғи Ғалаба варзишгарони ҳирфаӣ ва давандагони синну сол ва касбҳои гуногун, ки махсус аз шаҳрҳои Тоҷикистону Русия омада буданд, ба хати аввал баромаданд.
Пойга ба масофаи 7 километр байни калонсолон аз рӯи намуди инфиродӣ, инчунин аз рӯи намуди экиден (эстафетаи командавӣ дар марафон) ба масофаи 500 метр байни бачагон гузаронда шуд.
Теъдоди иштирокчиён ва ҷуғрофиёи намояндагӣ моро шод мекунад - ин нишон медиҳад, ки мардум хотираи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аҳамияти Ғалабаи муштараки моро қадр мекунанд ва инчунин зарурати нигоҳ доштани ин хотира ба хотири наслҳои оянда", - таъкид кард роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушев.
Пойгаро намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон, шаҳрдории Душанбе ва Ассотсиатсияи давидан ва марафони Тоҷикистон ташкил кардаанд.