https://sputnik.tj/20250428/afzoishi-majmui-mahsuloti-dokhili-tojikiston-1067154026.html
Афзоиши 8,2% маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли равон
Афзоиши 8,2% маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли равон
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассисони Бонки АвруОсиёии дар гузориши ахири худ аз рушд маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон хабар доданд ва дақиқи гуфтанд, ки чанд фоиз рушд кардааст
2025-04-28T19:59+0500
2025-04-28T19:59+0500
2025-04-28T19:59+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
авруосиё
баор
ммд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063816629_0:105:1999:1229_1920x0_80_0_0_5ce33edcd3561f9a6a5d09b48fcbf824.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли равон 8,2%-ро ташкил дод.Дар ин бора дар гузориги ахири Бонки АвруОсиёии рушд (БАОР) гуфта шудааст.Дар ин гузориш қайд карда шудааст, ки афзоиши истеҳсолот дар аксари соҳаҳои муҳим ба қайд гирифта шудааст.“Саноат нисбат ба як сол истеҳсолотро 23,4%, кишоварзӣ 7,2%, савдо (яклухт ва чакана) 10,6%, гардиши боркашонӣ 18,7% ва гардиши мусофирон 16% афзоиш додааст”, - хабар додааст манбаъ.Қайд карда мешавад, ки омили асосии рушди саноат истихроҷи канданиҳои фоиданок будааст, ки дар моҳҳои январ-март назар ба як сол 80% афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин яке аз омили асосии рушд ин тиҷорат — афзоиши музди меҳнат буд: музди миёнаи меҳнати воқеӣ дар ҷумҳурӣ назар ба як сол 22% афзудааст."Бо дарназардошти вазъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон - пеш аз ҳама нархи гарони тилло, мо интизор дорем, ки ММД дар соли ҷорӣ 8,4% рушд хоҳад кард”, - қайд кардааст манбаъ.Ёдовар мешавем, ки Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар моҳи январ гуфта буд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли гузашта 154,3 миллиард сомонӣ (каме камтар аз 14,1 миллиард доллар) буда, нисбат ба соли 2023 22,6 миллиард сомонӣ (беш аз 2 миллиарду 600 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.Қабл аз ин, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, хабар дода буд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2024 8,4% хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20250428/zavqizoda-majmui-mahsuloti-dokhili-mlrd-somoni-rasonida-1067148007.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063816629_112:0:1889:1333_1920x0_80_0_0_2cb846a77a586e1bda8e66ebb9f02cb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ммд, иқтисод, рушд, истеҳсолот, бонки авруосиёии рушд, авруосиё
тоҷикистон, ммд, иқтисод, рушд, истеҳсолот, бонки авруосиёии рушд, авруосиё
Афзоиши 8,2% маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли равон
Мутахассисони Бонки АвруОсиёии дар гузориши ахири худ аз рушд маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон хабар доданд ва дақиқи гуфтанд, ки чанд фоиз рушд кардааст
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли равон 8,2%-ро ташкил дод.
Дар ин бора дар гузориги ахири Бонки АвруОсиёии рушд (БАОР) гуфта шудааст.
Дар ин гузориш қайд карда шудааст, ки афзоиши истеҳсолот дар аксари соҳаҳои муҳим ба қайд гирифта шудааст.
“Саноат нисбат ба як сол истеҳсолотро 23,4%, кишоварзӣ 7,2%, савдо (яклухт ва чакана) 10,6%, гардиши боркашонӣ 18,7% ва гардиши мусофирон 16% афзоиш додааст”, - хабар додааст манбаъ.
Қайд карда мешавад, ки омили асосии рушди саноат истихроҷи канданиҳои фоиданок будааст, ки дар моҳҳои январ-март назар ба як сол 80% афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин яке аз омили асосии рушд ин тиҷорат — афзоиши музди меҳнат буд: музди миёнаи меҳнати воқеӣ дар ҷумҳурӣ назар ба як сол 22% афзудааст.
"Бо дарназардошти вазъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон - пеш аз ҳама нархи гарони тилло, мо интизор дорем, ки ММД дар соли ҷорӣ 8,4% рушд хоҳад кард”, - қайд кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар моҳи январ гуфта буд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли гузашта 154,3 миллиард сомонӣ (каме камтар аз 14,1 миллиард доллар) буда, нисбат ба соли 2023 22,6 миллиард сомонӣ (беш аз 2 миллиарду 600 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.
Қабл аз ин, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, хабар дода буд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2024 8,4% хоҳад буд.