"Сарчашма" дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд

© Sputnik"Шарчашма" победила в номинации "Выбор зрителей" в Кыргызстане
Шарчашма победила в номинации Выбор зрителей в Кыргызстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2025
Обуна шудан
Филми “Сарчашма”-и коргардони ҷавон аз тоҷик дар Фестивали XIII байналмилалии филмҳои кӯтоҳи давлатҳои ИДМ сазовори ҷоиза гашт
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Филми “Сарчашма” (“Унгерния”)-и коргардони ҷавон аз Тоҷикистон дар Фестивали XIII байналмилалии филмҳои кӯтоҳи давлатҳои ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон, таҳти номи “Қирғизистон — кишвари филмҳои кӯтоҳ”, сазовори ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” гашт.
Филми мазкур дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии синамо ва телевизиони шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз ҷониби коргардон тоҷик Пайрав Шарифов ба навор гирифта шудааст.
Муъмин Латифӣ наворбардори ин филм буда ҷоиза ба коргардони дуюми филм Одина Маҳмад супорида шуд.
"Филм дар бораи пирамарде аст, ки Ҳошим ном дорад ва барои пос доштани арзишҳову анъанаҳои неки аҷдодӣ талош меварза. Ӯ баъди дар хоб дидани ҳамсари вафоткардааш мефаҳмад, ки аз умраш вақти каме мондааст.Бинобар ин назди худ ҳадаф мегузорад, қабл аз он ки дунёро тарк кунад, бояд оилаи худро боз ҳам муттаҳид намояд. Барои ҳамин, ӯ писаронашро водор мекунад, ки корҳои худро як сӯ гузошта, бо ӯ ба кӯҳҳо раванд. Дар ин кӯҳҳо ӯ замоне бо ҳамсараш асрори муҳаббату садоқати ҷовидонӣ ёфта буд" - мегӯяд Одина Маҳмад.
Филми Муҳиддин Музаффар дар Маскав ду ҷоиза гирифт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2024
Муҳиддин Музаффар: бо ду ҷоиза ба Тоҷикистон бармегардем - видео
Нақши асосиро дар филми "Сарчашма" Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фирӯз Умаров бозидааст. Ҳамчунин дар филм ҳунармандони боистеъдоди тоҷик Парвиз Пулодӣ, Усмон Қудратов, Нурулло Қараев, Ҷовидон Маҳмадов ва Зулфия Содиқова нақшофаринӣ кардаанд.
Фестивали XIII байналмилалии филмҳои кӯтоҳи давлатҳои ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон аз 22 то 25-уми апрел дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.
Тибқи иттилои дастандаркорони фестивал, дар он зиёда аз 900 дархост аз синамогарони боистеъдод аз кишварҳои хориҷӣ ва ҳамчунин аз муаллифони ватанӣ ворид гардид.
Лентаи хабарҳо
0