https://sputnik.tj/20250425/tojiksughurta-suporish-rahmon-sokinon-rasht-tojikobod-kumak-1067111565.html
"Тоҷиксуғурта" бо супориши Раҳмон ба сокинони Рашту Тоҷикобод кумаки пулӣ расонд
"Тоҷиксуғурта" бо супориши Раҳмон ба сокинони Рашту Тоҷикобод кумаки пулӣ расонд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари давлат дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ниҳоди мазкурро муваззаф намуд, ки новобаста аз мавҷудияти шартномаи суғуртавӣ ба сокинони зарардида маблағ ҷудо кунад
2025-04-25T09:30+0500
2025-04-25T09:30+0500
2025-04-25T09:30+0500
дар тоҷикистон
рашт
заминларза
"тоҷиксуғурта"
маблағ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_74be77c522f345adff838eb997925108.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. "Тоҷиксуғурта" ба сокинони Рашту Тоҷикобод, ки рӯзи 13 апрел бар асари заминларзаи шадид хисороти зиёд диданд, маблағ тақсим кард.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии Тоҷикисуғурта" ба оилаҳои зарардида ҷамъан 483,5 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.Манбаъ афзуд, 34 оилае, ки бар асари офати табиӣ комилан бехонаву дар монданд, аз ниҳоди мазкур ҳар кадомашон 5000 сомонӣ кумак дарёфт карданд.Ҳамзамон ба 72 оилае, ки хонаҳои онҳо қисман хароб шуданд 2500 сомонӣ тақсим карда шуд. Инчунин 89 оилаи дигар, ки зарари сабуктар диданд 1500 сомонӣ кумак гирифтанд.Ёдовар мешавем, рӯзи 17 апрел, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои баррасии вазъи сокинони зарардида аз заминҷунбӣ дар Рашту Тоҷикобод ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор кард.Дар ин ҷаласа роҳбари давлат "Тоҷиксуғурта" -ро вазифадор намуд, ки новобаста аз мавҷудияти шартномаи суғуртавӣ ба сокинони аз заминларза осебдида маблағи муайян ҷудо карда шавад.Маврид ба зикр аст, ки 13 апрели соли 2025, дар ҳудуди кишвар заминҷунбӣ ба амал омад. Маркази он дар масофаи 160 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ва 21 километр аз ноҳияи Рашт буда, қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-6 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод. Худи ҳамон рӯз се ҳолати дигари заминҷунбӣ дар минтақаи мазкур бо қувваи камтар ба қайд гирифта шуд.Тибқи маълумот, дар ноҳияҳои мазкур дар маҷмуъ 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 хонаи дигар осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон зарар расидааст. Аз ҷумла, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар иншоот зарар дидаанд.Дар натиҷаи ин офати табиӣ 1 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
https://sputnik.tj/20250418/majlisi-ghayrinavbati-kumakpuli-sokhtmoni-khona-nav-rashtu-tojikobod-1067031407.html
рашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_59453c7fca1a04cd1d9d29110a9d8264.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"тоҷиксуғурта" рашт тоҷикобод
"тоҷиксуғурта" рашт тоҷикобод
"Тоҷиксуғурта" бо супориши Раҳмон ба сокинони Рашту Тоҷикобод кумаки пулӣ расонд
Роҳбари давлат дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ниҳоди мазкурро муваззаф намуд, ки новобаста аз мавҷудияти шартномаи суғуртавӣ ба сокинони зарардида маблағ ҷудо кунад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. "Тоҷиксуғурта" ба сокинони Рашту Тоҷикобод, ки рӯзи 13 апрел бар асари заминларзаи шадид хисороти зиёд диданд, маблағ тақсим кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии Тоҷикисуғурта" ба оилаҳои зарардида ҷамъан 483,5 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Манбаъ афзуд, 34 оилае, ки бар асари офати табиӣ комилан бехонаву дар монданд, аз ниҳоди мазкур ҳар кадомашон 5000 сомонӣ кумак дарёфт карданд.
Ҳамзамон ба 72 оилае, ки хонаҳои онҳо қисман хароб шуданд 2500 сомонӣ тақсим карда шуд. Инчунин 89 оилаи дигар, ки зарари сабуктар диданд 1500 сомонӣ кумак гирифтанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 17 апрел, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои баррасии вазъи сокинони зарардида аз заминҷунбӣ дар Рашту Тоҷикобод ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор кард.
Дар ин ҷаласа роҳбари давлат "Тоҷиксуғурта" -ро вазифадор намуд, ки новобаста аз мавҷудияти шартномаи суғуртавӣ ба сокинони аз заминларза осебдида маблағи муайян ҷудо карда шавад.
Маврид ба зикр аст, ки 13 апрели соли 2025, дар ҳудуди кишвар заминҷунбӣ ба амал омад. Маркази он дар масофаи 160 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ва 21 километр аз ноҳияи Рашт буда, қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-6 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод. Худи ҳамон рӯз се ҳолати дигари заминҷунбӣ дар минтақаи мазкур бо қувваи камтар ба қайд гирифта шуд.
Тибқи маълумот, дар ноҳияҳои мазкур дар маҷмуъ 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 хонаи дигар осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон зарар расидааст. Аз ҷумла, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар иншоот зарар дидаанд.
Дар натиҷаи ин офати табиӣ 1 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.