https://sputnik.tj/20250425/taqdimi-medali-jashni-kuhansarbozi-jangi-buzurgi-vatani-devashtich-1067117149.html
Тақдими медали ҷашнӣ ба ду кӯҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Деваштич – акс
Тақдими медали ҷашнӣ ба ду кӯҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Деваштич – акс
Sputnik Тоҷикистон
Консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд дар баробари эътои медали ҷашнии "80-солагии Ғалаба" ҳамроҳ бо кӯҳансарбозони 100 – сола як пиёла чой нӯшид
2025-04-25T14:16+0500
2025-04-25T14:16+0500
2025-04-25T18:17+0500
дар тоҷикистон
80-солагии ғалаба
куҳансарбоз
медал
тақдим
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/19/1067114099_0:0:1219:686_1920x0_80_0_0_2c2fa8186c8aeb591af6d4ae5caf65f6.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр – Sputnik. Нозим Носиров ва Бибола Рӯзиматов ду иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти Суғд маҳсуб мешаванд, ки ҳарду ба сини мубораки 100 – солагӣ расидаанд.Бино баиттилоъи дарёфтии Sputnik Тоҷикистон Нозим Носиров 5-уми октябри соли 1924 дар деҳаи Навободи ҷамоати Далёни болои ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст. Бибола Рӯзиматов 7 - уми ноябри соли 1925 дар ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст.Сергей Ланкин, консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд ҳамроҳ бо кормандони ҳукумати ноҳия ба аёдат ба манзили ин ду кӯҳансарбоз рафта ба онҳо медали "80-солагии Ғалаба бар зидди Германияи фашистӣ" дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.Дар ин бораба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати ноҳияи Деваштич иттилоъ доданд.Бар пояи иттилои манбаъ меҳмонон, кӯҳансарбозонро бо фарорасии 80 -солагии Ғалабаи Бузург шодбош намуда, ҳамроҳ бо ҳам як пиёла чой нушидаанд.“Аз ин меҳрубонии меҳмонон, кӯҳансарбозон хеле хушнуд шуданд” – гуфтанд, дар ҳукумати ноҳияи Деваштич.Бино ба иттилои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ зимнан 17 нафар кӯҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки синни онҳо аз 100 то113 сола аст.Бар тибқи омори Шӯро инҳо дар шаҳри Душанбе 2 – нафар, вилояти Хатлон – 8 нафар, вилояти Суғд – 2 нафар ва ноҳияҳои тобеъи марказ 5 – нафар зиндагӣ мекунанд.Маврид ба зикр аст, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазори онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.Масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат мегуянд, қарор аст дар остонаи 80 – солагии Ғалабаи Бузург аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар кадам ин кӯҳансарбозон мукофотпулии махсус тақдим карда шавад.
https://sputnik.tj/20250414/ishtiroki-nizomiyoni-tojik-guzashti-nizomii-maskav-ghalaba-1066974854.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/19/1067114099_81:0:1219:853_1920x0_80_0_0_d8b615dffa064b22dd938e9d238fe7c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ғалаба, куҳансарбоз, русия, медал, деваштич, ҷанги бузурги ватанӣ
тоҷикистон, ғалаба, куҳансарбоз, русия, медал, деваштич, ҷанги бузурги ватанӣ
Тақдими медали ҷашнӣ ба ду кӯҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Деваштич – акс
14:16 25.04.2025 (Навсозишуда: 18:17 25.04.2025) Эксклюзив
Консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд дар баробари эътои медали ҷашнии "80-солагии Ғалаба" ҳамроҳ бо кӯҳансарбозони 100 – сола як пиёла чой нӯшид
ДУШАНБЕ, 25 апр – Sputnik. Нозим Носиров ва Бибола Рӯзиматов ду иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти Суғд маҳсуб мешаванд, ки ҳарду ба сини мубораки 100 – солагӣ расидаанд.
Бино баиттилоъи дарёфтии Sputnik Тоҷикистон Нозим Носиров 5-уми октябри соли 1924 дар деҳаи Навободи ҷамоати Далёни болои ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст. Бибола Рӯзиматов 7 - уми ноябри соли 1925 дар ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст.
Сергей Ланкин, консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд ҳамроҳ бо кормандони ҳукумати ноҳия ба аёдат ба манзили ин ду кӯҳансарбоз рафта ба онҳо медали "80-солагии Ғалаба бар зидди Германияи фашистӣ" дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.

Юбилейная медаль "80 лет Победы над нацистской Германией"

Генеральный консул России в городе Худжанде вручил ветерану юбилейную медаль "80 лет
Победы над нацистской Германией"
Юбилейная медаль "80 лет Победы над нацистской Германией"
Генеральный консул России в городе Худжанде вручил ветерану юбилейную медаль "80 лет
Победы над нацистской Германией"
Дар ин бораба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати ноҳияи Деваштич иттилоъ доданд.
Бар пояи иттилои манбаъ меҳмонон, кӯҳансарбозонро бо фарорасии 80 -солагии Ғалабаи Бузург шодбош намуда, ҳамроҳ бо ҳам як пиёла чой нушидаанд.
“Аз ин меҳрубонии меҳмонон, кӯҳансарбозон хеле хушнуд шуданд” – гуфтанд, дар ҳукумати ноҳияи Деваштич.
Бино ба иттилои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ зимнан 17 нафар кӯҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки синни онҳо аз 100 то113 сола аст.
Бар тибқи омори Шӯро инҳо дар шаҳри Душанбе 2 – нафар, вилояти Хатлон – 8 нафар, вилояти Суғд – 2 нафар ва ноҳияҳои тобеъи марказ 5 – нафар зиндагӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазори онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.
Масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат мегуянд, қарор аст дар остонаи 80 – солагии Ғалабаи Бузург аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар кадам ин кӯҳансарбозон мукофотпулии махсус тақдим карда шавад.