https://sputnik.tj/20250425/sarvaziri-tojikiston-qohir-rasulzoda-maskav-meravad-1067113869.html
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Маскав меравад: Чаро?
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Маскав меравад: Чаро?
Sputnik Тоҷикистон
Қарор аст, дар шаҳри Маскав мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Русия Михаил Мишустин сурат мегирад
2025-04-25T13:06+0500
2025-04-25T13:06+0500
2025-04-25T20:19+0500
дар тоҷикистон
русия
сарвазир
маскав
мулоқот
сиёсат
қоҳир расулзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058817637_0:0:2990:1682_1920x0_80_0_0_4681d94bc22940eeb3767074fee6f628.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Маскав сафар мекунад.Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Русия хабар додааст.Қарор аст рӯзи 25 апрел нахуствазири Русия Михаил Мишустин бо ҳамтои тоҷикаш дидору гуфтугӯ кунад.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Михаил Мишустин ва Қоҳир Расулзода масоили кунунии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарии Русияву Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар карда буд.Зимни сафараш ба шаҳри Санкт-Петербург дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат кард ва зимни суханрониаш аз саҳми тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муносибати хоси Тоҷикистон ба Рӯзи Ғалаба ёдовар шуд.Дар солҳои ҷанг тамоми имконоти инсонӣ ва моддии ҷумҳурӣ ба эҳтиёҷоти ҷанг равона карда шуда буданд, кайд кард раиси парлумони кишвар.
https://sputnik.tj/20250403/tojikiston-intizor-shirkat-rusiya-istikhroj-naft-gaz-1066831347.html
русия
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058817637_141:0:2872:2048_1920x0_80_0_0_f42ea31c3f9c623b7c38b3afb0a67c1c.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сарвазир, қоҳир русулзода, маскав, сафар, русия, мишустин мулоқот
тоҷикистон, сарвазир, қоҳир русулзода, маскав, сафар, русия, мишустин мулоқот
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Маскав меравад: Чаро?
13:06 25.04.2025 (Навсозишуда: 20:19 25.04.2025) Қарор аст, дар шаҳри Маскав мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Русия Михаил Мишустин сурат гирад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Маскав сафар мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Русия хабар додааст.
Қарор аст рӯзи 25 апрел нахуствазири Русия Михаил Мишустин бо ҳамтои тоҷикаш дидору гуфтугӯ кунад.
"Ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад", - хабар додааст хадамоти матбуоти ҳукумат.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Михаил Мишустин ва Қоҳир Расулзода масоили кунунии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарии Русияву Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар карда буд.
Зимни сафараш ба шаҳри Санкт-Петербург дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат кард ва зимни суханрониаш аз саҳми тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муносибати хоси Тоҷикистон ба Рӯзи Ғалаба ёдовар шуд.
Дар солҳои ҷанг тамоми имконоти инсонӣ ва моддии ҷумҳурӣ ба эҳтиёҷоти ҷанг равона карда шуда буданд, кайд кард раиси парлумони кишвар.