Дар Минск як мактабу як кӯча номи қаҳрамон аз Тоҷикистонро доранд

© Foto / Национальный музей ТаджикистанаШкола №35 имени героя Советского Союза Домулло Азизова в Минске
Школа №35 имени героя Советского Союза Домулло Азизова в Минске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2025
Обуна шудан
Дар мактаб ҳамчунин осорхона фаъол аст, ки дар он маводҳои осорхонавӣ оид ба корнамоии ин фарзанди тоҷик қисса мекунанд
Дар шаҳри Минск мактаби миёнаи рақами №35 ба номи қаҳрамони иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов номгузорӣ шудааст.
Азизов зодаи Тоҷикистон буда, соли 1942 ба сафи Артиши Сурх пайваст.
Аз мактаби мазкур, директори Осорхонаи милли Тоҷикистон зимни сафар ба Беларус дидан кард. Маълум гардид, ки дар дохили мактаб ҳамчунин осорхонаи мактабӣ фаъол аст, ки дар он маводҳои осорхонавӣ оид ба корнамоии ин фарзанди тоҷик қисса мекунанд.
© Foto / Национальный музей ТаджикистанаШкола №35 имени героя Советского Союза Домулло Азизова в Минске
Школа №35 имени героя Советского Союза Домулло Азизова в Минске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2025
Ҳамзамон, дар шаҳри Минск ба ифтихори ин фарзанди тоҷик кӯча номгузорӣ шудааст ва мактаби ба номи Домулло азизов низ маҳз дар ҳамин куҷо ҷойгир аст.
Аз корнамоии Азизов маълум аст, ки номбурда дар оғози ҷанг ба ҳайати полки тирандозии 120 - ум дохил шуд.
До победного: как Ахмад Турдыев и другие защитники держали оборону дома Павлова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2025
То пирӯзӣ: Чӣ гуна Аҳмад Турдиев ва дигарон хонаи Павловро ҳимоя карданд – видео
Бо назардошти шуҷоату мардонагӣ, Домулло Азизов пас аз як муддати кутоҳ командири шуъбаи пулемётчиёни полки тирандозӣ таъйин мегардад.
Дар задухӯрдҳои шадид баҳри озодкунии шаҳри Севски фронти Белорус фаъолона ширкат варзида, 24 сентябри соли 1943 бо ордени “Ситораи Сурх” сарфароз гардидааст.
Дар ҳудуди шаҳри Курск ва дарёи Днепр Азизов азаввалинҳо шуда, худро ба дарёи Днепр партофт ва бо норинҷаки дастиаш ба хандақи душман ворид шуда, якчанд фашистро нобуд карду бо яроқи худ ба сӯи дастаҳои дигари душман оташ кушода, барои ҳуҷуми ҳамяроқонаш ва аз байн бурдани дастаи душманон шароит фароҳам овард.
Зимнан, 30 октябри соли 1943 барои корнамоиҳо ва шуҷоатмандиаш дар озод намудани ҳудуди дарёи Днепр ва ҳамчунин, ҷоннисориҳояш дар муҳорибаи назди деҳаи Островаи ноҳияи Лоеви вилояти Гомели Белорус, сержанти хурд Домулло Азизов баъди маргаш бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мукфотонида шуд.
Ҷасади қаҳрамонро дар қабристони деҳаи Боршевкаи нави ноҳияи Лоеви вилояти Гомели Белоруссия ба хок супориданд.
Лентаи хабарҳо
0