https://sputnik.tj/20250424/maqomot-muhojironi-tojik-huzuri-farzandoni-nobolig-rusiya-qonun-1067098882.html
Мақомот аз муҳоҷирони тоҷик хост ҳузури фарзандони худро дар Русия қонунӣ кунанд
Мақомот аз муҳоҷирони тоҷик хост ҳузури фарзандони худро дар Русия қонунӣ кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хостааст, ки кӯдакони ноболиғи худро, ки бо худ ба Русия мебаранд, қонунӣ гардонанд, то дар оянда ба мушкилот рӯ ба рӯ нашаванд
2025-04-24T09:36+0500
2025-04-24T09:36+0500
2025-04-24T09:36+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
русия
кӯдакон
қонунгузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/17/1047027824_253:176:3072:1762_1920x0_80_0_0_e69c58858249dcbd5fc7e47b2dbe6231.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Намояндагии вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо кӯдакони ноболиғ вориди қаламрави Русия мешаванд, хоҳиш кардааст, ки талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро нисбати ноболиғон риоя намоянд.Қайд карда шудааст, ки дар ҳудуди Русия кӯдакони ноболиғ ҳамроҳ бо яке аз волидон бояд дар қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд.Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки номнавишти муҳоҷиратии ноболиғон дар асоси аризаи волидайн ё яке аз шахсони парастори кӯдаки ноболиғ дар мақомоти марбутаи муҳоҷиратии кишвари иқомат амалӣ карда мешавад.Таъкид шудааст, ки кӯдакони аз 6 сола боло, ки зиёда аз 90 шабонарӯз дар қаламрави Русия қарор мегиранд, волидайни онҳоро зарур аст, ки кӯдаки ноболиғро аз қайди изи ангушт ва расмгирии давлатӣ гузаронанд.Ин ниҳоди давлатӣ ҳушдор додааст, ки дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мазкур тибқи талаботи қанунгузории Русия пас аз 90 шабонарӯз будубоши шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ дар кишвари иқомат ғарийқонунӣ мебошад.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки тибқи меъёрҳои нави қонунгузории Русия дар ҳолати надоштани қайди муваққатии шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна ба таҳсил фаро гирифта намешаванд.Намояндагии Вазорати меҳнат, ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия муввақатан зиндагӣ доранд, тавсия додааст, ки будубоши кӯдакони ноболиғро дар Русия қонунӣ гардонида, меъёрҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.
https://sputnik.tj/20250411/rusiya-muhojiri-tojik-kor-rusiya-jalb-namoyad-1066940158.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/17/1047027824_566:68:3072:1948_1920x0_80_0_0_dc5b7cd1a2cfe22da0a477012b9ebefe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фарзанд, кӯдак, ноболиғ, муҳоҷират, кӯдакон, қонунӣ, русия
тоҷикистон, фарзанд, кӯдак, ноболиғ, муҳоҷират, кӯдакон, қонунӣ, русия
Мақомот аз муҳоҷирони тоҷик хост ҳузури фарзандони худро дар Русия қонунӣ кунанд
Ҳукумати Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хостааст, ки кӯдакони ноболиғи худро, ки бо худ ба Русия мебаранд, қонунӣ гардонанд, то дар оянда ба мушкилот рӯ ба рӯ нашаванд
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Намояндагии вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо кӯдакони ноболиғ вориди қаламрави Русия мешаванд, хоҳиш кардааст, ки талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро нисбати ноболиғон риоя намоянд.
Қайд карда шудааст, ки дар ҳудуди Русия кӯдакони ноболиғ ҳамроҳ бо яке аз волидон бояд дар қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд.
“Қонунгузории Русия номнавишти муҳоҷиратии кӯдакони ноболиғро бо яке аз волидайни он иҷозат медиҳад”, - қайд кардааст намояндагӣ.
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки номнавишти муҳоҷиратии ноболиғон дар асоси аризаи волидайн ё яке аз шахсони парастори кӯдаки ноболиғ дар мақомоти марбутаи муҳоҷиратии кишвари иқомат амалӣ карда мешавад.
Таъкид шудааст, ки кӯдакони аз 6 сола боло, ки зиёда аз 90 шабонарӯз дар қаламрави Русия қарор мегиранд, волидайни онҳоро зарур аст, ки кӯдаки ноболиғро аз қайди изи ангушт ва расмгирии давлатӣ гузаронанд.
Ин ниҳоди давлатӣ ҳушдор додааст, ки дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мазкур тибқи талаботи қанунгузории Русия пас аз 90 шабонарӯз будубоши шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ дар кишвари иқомат ғарийқонунӣ мебошад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки тибқи меъёрҳои нави қонунгузории Русия дар ҳолати надоштани қайди муваққатии шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна ба таҳсил фаро гирифта намешаванд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия муввақатан зиндагӣ доранд, тавсия додааст, ки будубоши кӯдакони ноболиғро дар Русия қонунӣ гардонида, меъёрҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.