https://sputnik.tj/20250424/grigorev-ghalabai-qahramonii-hamai-khalqhoi-ittihodi-shuravi-1067109657.html
Григорев: Ғалабаи бузург бо қаҳрамонии ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ имконпазир гардид
Григорев: Ғалабаи бузург бо қаҳрамонии ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ имконпазир гардид
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии "80-солагии Ғалабаи бузург. Ёд дорем, дар хотир дорем, ифтихор мекунем" дар Душанбе суханронӣ кард
2025-04-24T17:57+0500
2025-04-24T17:57+0500
2025-04-24T18:18+0500
дар тоҷикистон
сафир
русия
ғалаба
ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
80-солагии ғалаба
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1b/1065293562_0:101:1196:774_1920x0_80_0_0_49f44eccdfb7bcacf270945669f83007.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Русия муътақид аст, ки эътирофи комили натоиҷи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ як иқдоми муҳим барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аст ва муқовимат бо ҳама гуна шаклҳои нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ бояд дар авлавияти ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад.Дар ин бора Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон зимни суханрони худ дар конфронси байнулмилалӣ "80-солагии Ғалабаи бузург. Ёд дорем, дар хотир дорем, ифтихор мекунем", ки дар Душанбе баргузор шуд, изҳори назар кард."Мо бар онем, ки эътирофи пурраи натиҷаҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ки дар Оинномаи СММ сабт шудааст, як иқдоми муҳим барои ҳамаи кишварҳост. Мо итминон дорем, ки кори мунтазами мубориза бо ҳама гуна шаклу зуҳуроти нажодпарастӣ, бегонаситезӣ, миллатгароӣ ва шовинизм бояд аз авлавиятҳои мутлақи ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ монад."Вай хотиррасон шуд, ки маҳз бино бар қаҳрамонии халқи сермиллати Иттиҳоди Шӯравӣ Ғалабаи бузург имконпазир гардид."Шунидан аз кӯдакони аврупоӣ ва амрикоӣ, ки гӯё ИМА ва Бритониё дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ нозиро мағлуб карданд, дардовар аст. Ҳамчунин барои мо гуфтаҳои бархе аз таърихшиносон, ки мегӯянд дар самти се ҷабҳаи Украина танҳо намояндагони як миллат меҷангиданд, комилан хандаовар. Барои мову Шумо ворисони Ғалабаи бузург, ҳақиқатро хат задан ғайри имкон аст", - таъкид кард ӯ.Сухани ифтитоҳӣ ба ҳозирин аз номи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро Сафири дар умури корҳои вижаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Соҳибзода қироат кард."Ҷанги Бузурги Ватанӣ - ин ҷанги умумӣ, хотираи муштарак аст, ки халқҳои мо онро бо қимати шуҷоату қаҳрамонии бузург ва талафоти беандоза ба даст овардаанд. Миллионҳо сарбозон, падарону бобоёни мо барои Ватан ҷони худро фидо кардаанд. Онҳо дар озод кардани ҷаҳон аз фашизм, ки вабои асри 20 аст, нақши муҳими ҳалкунанда бозиданд", - омадааст дар матни паёми вазир.Чорабинӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ баргузор шуд.Дар он сафирони кишварҳои ИДМ, ҳамчунин кишварҳои Ҳиндустон, Эрон, Қатар, Чин, Покистон, Фаластин, Арабистони Саудӣ, атташеи низомии Русия, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, пойгоҳи низомии 201-уми Русия, аҳли илм ва ҷомеа ширкат варзиданд.Дар солҳои ҷанг аз Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ба ҷанг рафт, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарашон ба ватан барнагаштаанд. Боз 45 хазор нафар сокинон ба корхонаҳо ва дигар минтақаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуданд.Дар байни иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 64 нафар сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд.Ҷуиҳурии Шӯравии Точикистон яке аз марказхои тахлияи сарбозон буд; Дар қаламрави Тоҷикистон 29 беморхонаи низомии тахлияшуда кор мекард ки дар он сарбозони захмбардощтаи артиши Сурх табобат мегирифтанд.
https://sputnik.tj/20250408/khalabon-afsari-ittilooti-hamshirai-shafqat-sahm-zanoni-tojik-ghalaba-1066907823.html
https://sputnik.tj/20250414/ishtiroki-nizomiyoni-tojik-guzashti-nizomii-maskav-ghalaba-1066974854.html
русия
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1b/1065293562_96:80:1216:920_1920x0_80_0_0_30224842344034b0371cf21f11028a04.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сафир русия, қаҳрамонӣ, иттиҳоди шӯравӣ ғалаба.
тоҷикистон, сафир русия, қаҳрамонӣ, иттиҳоди шӯравӣ ғалаба.
Григорев: Ғалабаи бузург бо қаҳрамонии ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ имконпазир гардид
17:57 24.04.2025 (Навсозишуда: 18:18 24.04.2025) Сафири Русия дар Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии "80-солагии Ғалабаи бузург. Ёд дорем, дар хотир дорем, ифтихор мекунем" дар Душанбе суханронӣ кард
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Русия муътақид аст, ки эътирофи комили натоиҷи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ як иқдоми муҳим барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аст ва муқовимат бо ҳама гуна шаклҳои нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ бояд дар авлавияти ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад.
Дар ин бора Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон зимни суханрони худ дар конфронси байнулмилалӣ "80-солагии Ғалабаи бузург. Ёд дорем, дар хотир дорем, ифтихор мекунем", ки дар Душанбе баргузор шуд, изҳори назар кард.
"Мо бар онем, ки эътирофи пурраи натиҷаҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ки дар Оинномаи СММ сабт шудааст, як иқдоми муҳим барои ҳамаи кишварҳост. Мо итминон дорем, ки кори мунтазами мубориза бо ҳама гуна шаклу зуҳуроти нажодпарастӣ, бегонаситезӣ, миллатгароӣ ва шовинизм бояд аз авлавиятҳои мутлақи ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ монад."
Вай хотиррасон шуд, ки маҳз бино бар қаҳрамонии халқи сермиллати Иттиҳоди Шӯравӣ Ғалабаи бузург имконпазир гардид.
"Шунидан аз кӯдакони аврупоӣ ва амрикоӣ, ки гӯё ИМА ва Бритониё дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ нозиро мағлуб карданд, дардовар аст. Ҳамчунин барои мо гуфтаҳои бархе аз таърихшиносон, ки мегӯянд дар самти се ҷабҳаи Украина танҳо намояндагони як миллат меҷангиданд, комилан хандаовар. Барои мову Шумо ворисони Ғалабаи бузург, ҳақиқатро хат задан ғайри имкон аст", - таъкид кард ӯ.
Сухани ифтитоҳӣ ба ҳозирин аз номи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро Сафири дар умури корҳои вижаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Соҳибзода қироат кард.
"Ҷанги Бузурги Ватанӣ - ин ҷанги умумӣ, хотираи муштарак аст, ки халқҳои мо онро бо қимати шуҷоату қаҳрамонии бузург ва талафоти беандоза ба даст овардаанд. Миллионҳо сарбозон, падарону бобоёни мо барои Ватан ҷони худро фидо кардаанд. Онҳо дар озод кардани ҷаҳон аз фашизм, ки вабои асри 20 аст, нақши муҳими ҳалкунанда бозиданд", - омадааст дар матни паёми вазир.
Чорабинӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ баргузор шуд.
Дар он сафирони кишварҳои ИДМ, ҳамчунин кишварҳои Ҳиндустон, Эрон, Қатар, Чин, Покистон, Фаластин, Арабистони Саудӣ, атташеи низомии Русия, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, пойгоҳи низомии 201-уми Русия, аҳли илм ва ҷомеа ширкат варзиданд.
Дар солҳои ҷанг аз Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ба ҷанг рафт, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарашон ба ватан барнагаштаанд. Боз 45 хазор нафар сокинон ба корхонаҳо ва дигар минтақаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуданд.
Дар байни иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 64 нафар сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд.
Ҷуиҳурии Шӯравии Точикистон яке аз марказхои тахлияи сарбозон буд; Дар қаламрави Тоҷикистон 29 беморхонаи низомии тахлияшуда кор мекард ки дар он сарбозони захмбардощтаи артиши Сурх табобат мегирифтанд.