https://sputnik.tj/20250423/rusiya-armaniston-bahrai-iiao-1067095784.html
ВУХ Русия: Арманистон метавонад баҳраи худро дар ИИАО аз даст диҳад
ВУХ Русия: Арманистон метавонад баҳраи худро дар ИИАО аз даст диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Тавре муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Грушко қайд кард, ин ҳолат дар ҳолате рух хоҳад дод, ки агар "ғарб Арманистонро ба бозиҳои худ кашад"
2025-04-23T18:59+0500
2025-04-23T18:59+0500
2025-04-23T18:59+0500
ииао
авруосиё
русия
арманистон
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/17/1067097433_0:0:2986:1680_1920x0_80_0_0_d1079fd496bdf50ccdb0f5ba031432d9.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Маскав аз талошҳои Ереван барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо нигарон аст.Муовини вазири умури хориҷии Русия Александр Грушко ба рӯзноманигорон гуфт, ки агар Арманистон ба бозиҳои геополитикии Ғарб кашида шавад, метавонад манфиатҳои худ дар ИИАО-ро аз даст диҳад.Оқои Грушко аз талошҳои Ереван барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо изҳори нигаронӣ кард."Табиист, ки талошҳои Арманистон барои шомил шудан ба Иттиҳодияи Аврупо нигаронкунанда аст, зеро ин орзуҳо бо узвияти ин кишвар дар ИИАО созгор нест ва мо дар тамосҳои сершумори худ бо ҳамкасбони арманӣ дар ин бора ҳарф мезанем",- таъкид кард дипломати рус.Вай илова кард, ки Арманистон ба шарофати узвияташ дар ИИАО бо суръати хуб рушд дорад.Мақомдори рус гуфт, ки рушди иқтисоди ин кишвар дар тамоми соҳаҳои мушоҳида мешавад.“Ин дороии бузург аст, агар Ғарб онро ба бозии геополитикии худ ҷалб кунад, Арманистон онро аз даст медиҳад", - таъкид кард муовини вазири умури хориҷа.
https://sputnik.tj/20250422/hajm-korho-sokhtmon-iiao-afzoish-yoft-1067084666.html
русия
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/17/1067097433_255:0:2986:2048_1920x0_80_0_0_752f657eeb4416c1c09aa3c0000ea8e9.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
арманистон, ииао, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, ғарб
арманистон, ииао, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, ғарб
ВУХ Русия: Арманистон метавонад баҳраи худро дар ИИАО аз даст диҳад
Тавре муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Грушко қайд кард, ин ҳолат дар ҳолате рух хоҳад дод, ки агар "ғарб Арманистонро ба бозиҳои худ кашад"
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Маскав аз талошҳои Ереван барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо нигарон аст.
Муовини вазири умури хориҷии Русия Александр Грушко ба рӯзноманигорон гуфт, ки агар Арманистон ба бозиҳои геополитикии Ғарб кашида шавад, метавонад манфиатҳои худ дар ИИАО-ро аз даст диҳад.
Оқои Грушко аз талошҳои Ереван барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо изҳори нигаронӣ кард.
"Табиист, ки талошҳои Арманистон барои шомил шудан ба Иттиҳодияи Аврупо нигаронкунанда аст, зеро ин орзуҳо бо узвияти ин кишвар дар ИИАО созгор нест ва мо дар тамосҳои сершумори худ бо ҳамкасбони арманӣ дар ин бора ҳарф мезанем",- таъкид кард дипломати рус.
Вай илова кард, ки Арманистон ба шарофати узвияташ дар ИИАО бо суръати хуб рушд дорад.
Мақомдори рус гуфт, ки рушди иқтисоди ин кишвар дар тамоми соҳаҳои мушоҳида мешавад.
“Ин дороии бузург аст, агар Ғарб онро ба бозии геополитикии худ ҷалб кунад, Арманистон онро аз даст медиҳад", - таъкид кард муовини вазири умури хориҷа.