https://sputnik.tj/20250422/shabakaho-oyandai-raqami-oghoz-meyobad-1067070391.html
Шабакаҳои 5G: ояндаи рақамӣ оғоз меёбад
Шабакаҳои 5G: ояндаи рақамӣ оғоз меёбад
Sputnik Тоҷикистон
“Гиперсуръат”-и интернети мобилӣ барои шаҳрвандони кишвари мо дар ояндаи наздик дастрас мегардад
2025-04-22T09:01+0500
2025-04-22T09:01+0500
2025-04-22T09:01+0500
ахбори ширкатҳо
"мегафон"
мегафон-тоҷикистон
алоқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/15/1067067178_0:32:1200:707_1920x0_80_0_0_682c226e0298b83c29b67e193b586748.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Илова бар ин, барои таъмини эътимоднокии таҳвили босуръати маълумот тақрибан 1000 км шабакаҳои нахӣ-нурии алоқа гузаронида мешаванд. Як қисми таҷҳизот аллакай аз ҷониби оператор харидорӣ шудааст.Ҳамин тариқ, то охири сол ҳамгироӣ дар шабакаи коммутатори насли панҷум анҷом меёбад.Алоқаи 5G – ин суръати интернети мобилии комилан нав мебошад, ки на бо мегабитҳо, балки бо гигабитҳо дар як сония чен карда мешавад. Онҳо назар ба иқтидори технологияҳои қаблан роҳандозишуда 10-20 маротиба қобилияти бештар доранд.Ҳамчунин – таъхири камтарини сигнал ва пайвастагии устувор ҳатто дар шароитҳои сарбории зиёд.Барои истифодабарандагон ин маънои боргирии фаврии филмҳоро ифода карда, зангҳои видеоии 4К (тасвири комилан возеҳ бо 4000 пиксел ба таври уфуқӣ), шумораи зиёди видеоҳои 8К ба воқеият табдил меёбанд.Бозиҳои фосилавие, ки фурсати камтарини ҷавобро талаб мекунанд, ба сатҳи нав мегузаранд.Шабакаҳои 5G қобилияти баланди гузариш дошта, метавонанд фаъолияти яквақтаи ҳазорҳо дастгоҳро таъмин намоянд. Ин барои рушди интернет, воқеияти виртуалӣ ва иловагӣ самтҳои нав мекушояд.Дар заминаи 5G метавонад нақлиёти бесарнишин фаъолият намояд ва соҳаҳое чун тибби телевизионӣ, таҳсилоти онлайн ва шаҳрҳои ҳушманд рушд хоҳанд кард. Ҷорикунии чунин инноватсияҳо ба сифати зиндагии тамоми корбарон таъсир мерасонад.Сохтмони шабакаҳои 5G дар шаҳрҳои бузург, ки қисми бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ҷо зиндагӣ карда, заминаҳо барои роҳандозии технологияи нави алоқа вуҷуд доранд, оғоз меёбад. Ҳамин тариқ, дар Душанбе қисмати аввали шабакаи 5G аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳанӯз соли 2020 роҳандозӣ гардид.Мавҷудияти он ҳамгироии минбаъдаи пойгоҳҳои базавии насли панҷумро осон мекунад. Дар солҳои минбаъда интернети босуръаттарини 5G дар ноҳияҳои Тоҷикистон дастрас хоҳад шуд –мантиқи рушди шабакаҳои ҳамаи наслҳо чунин аст.“Ҷорикунии 5G – на танҳо муосиргардонии шабака аст. Ин як қадами устувор дар рушди технологияҳо ва бунёди иқтисоди рақамӣ мебошад. Соли 2020 Душанбе яке аз аввалин шаҳрҳои ҷаҳон гардид, ки дар он алоқаи насли панҷум санҷида шуд.Таҷрибаи бадастоварда ба мо баҳри дар як муддати кӯтоҳ ҷорӣ кардани шабакаи 5G дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалии технологӣ устувор намудан кӯмак мерасонад”, - мегӯяд Анатолий Изюмников, директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.
https://sputnik.tj/20240903/megafon-tojikiston-chi-tavr--kormandi-saodatmand-shuda-metavonem--1064176557.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/15/1067067178_0:5:1201:905_1920x0_80_0_0_e0e1432594464f5b41f6a33e27d7060b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мегафон, алоқа, интернети мобилӣ.ю шаҳрванд
мегафон, алоқа, интернети мобилӣ.ю шаҳрванд
Шабакаҳои 5G: ояндаи рақамӣ оғоз меёбад
“Гиперсуръат”-и интернети мобилӣ барои шаҳрвандони кишвари мо дар ояндаи наздик дастрас мегардад
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Илова бар ин, барои таъмини эътимоднокии таҳвили босуръати маълумот тақрибан 1000 км шабакаҳои нахӣ-нурии алоқа гузаронида мешаванд. Як қисми таҷҳизот аллакай аз ҷониби оператор харидорӣ шудааст.
Ҳамин тариқ, то охири сол ҳамгироӣ дар шабакаи коммутатори насли панҷум анҷом меёбад.
Алоқаи 5G – ин суръати интернети мобилии комилан нав мебошад, ки на бо мегабитҳо, балки бо гигабитҳо дар як сония чен карда мешавад. Онҳо назар ба иқтидори технологияҳои қаблан роҳандозишуда 10-20 маротиба қобилияти бештар доранд.
Ҳамчунин – таъхири камтарини сигнал ва пайвастагии устувор ҳатто дар шароитҳои сарбории зиёд.
Барои истифодабарандагон ин маънои боргирии фаврии филмҳоро ифода карда, зангҳои видеоии 4К (тасвири комилан возеҳ бо 4000 пиксел ба таври уфуқӣ), шумораи зиёди видеоҳои 8К ба воқеият табдил меёбанд.
Бозиҳои фосилавие, ки фурсати камтарини ҷавобро талаб мекунанд, ба сатҳи нав мегузаранд.
Шабакаҳои 5G қобилияти баланди гузариш дошта, метавонанд фаъолияти яквақтаи ҳазорҳо дастгоҳро таъмин намоянд. Ин барои рушди интернет, воқеияти виртуалӣ ва иловагӣ самтҳои нав мекушояд.
Дар заминаи 5G метавонад нақлиёти бесарнишин фаъолият намояд ва соҳаҳое чун тибби телевизионӣ, таҳсилоти онлайн ва шаҳрҳои ҳушманд рушд хоҳанд кард. Ҷорикунии чунин инноватсияҳо ба сифати зиндагии тамоми корбарон таъсир мерасонад.
Сохтмони шабакаҳои 5G дар шаҳрҳои бузург, ки қисми бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ҷо зиндагӣ карда, заминаҳо барои роҳандозии технологияи нави алоқа вуҷуд доранд, оғоз меёбад. Ҳамин тариқ, дар Душанбе қисмати аввали шабакаи 5G аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳанӯз соли 2020 роҳандозӣ гардид.
Мавҷудияти он ҳамгироии минбаъдаи пойгоҳҳои базавии насли панҷумро осон мекунад. Дар солҳои минбаъда интернети босуръаттарини 5G дар ноҳияҳои Тоҷикистон дастрас хоҳад шуд –мантиқи рушди шабакаҳои ҳамаи наслҳо чунин аст.
“Ҷорикунии 5G – на танҳо муосиргардонии шабака аст. Ин як қадами устувор дар рушди технологияҳо ва бунёди иқтисоди рақамӣ мебошад. Соли 2020 Душанбе яке аз аввалин шаҳрҳои ҷаҳон гардид, ки дар он алоқаи насли панҷум санҷида шуд.Таҷрибаи бадастоварда ба мо баҳри дар як муддати кӯтоҳ ҷорӣ кардани шабакаи 5G дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалии технологӣ устувор намудан кӯмак мерасонад”, - мегӯяд Анатолий Изюмников, директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.