https://sputnik.tj/20250418/sugd-hamkori-shirkathoi-sayyohi-rusiya-tavsea-1067032568.html
Суғд омодааст ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии Русия тавсеа бахшад
Суғд омодааст ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии Русия тавсеа бахшад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд бо муовини губернатори вилояти Тюмени Русия масъалаи густариши ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд
2025-04-18T10:48+0500
2025-04-18T10:48+0500
2025-04-18T12:13+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
сайёҳӣ
суғд
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102356/92/1023569245_0:261:2500:1667_1920x0_80_0_0_8e3cfa4c1c8e2762550ad51ac00fc66e.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо муовини губернатори вилояти Тюмени Русия Андрей Пантелеев аз сатҳи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои тақвияти ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуд.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, Раҷаббой Аҳмадзода қайд кард, ки миёни минтақаҳои ду давлат равобити хубу дӯстона барқарор шудааст.Вай таъкид кард, ки имкониятҳои вилояти Суғд дар бахшҳои сайёҳии экологӣ, моҳидорӣ, шикор, кӯҳнавардӣ, солимгардонӣ ва фароғатӣ хеле фаровон буда, вилоят омода аст, ки ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии Русия тавсеа бахшад.Раиси вилояти Суғд дар ин дидор қайд кард, ки гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва вилоятҳои Русия дар соли 2024 ба 680 миллион доллар расидааст.Вай таъкид кард, ки ин нишонаи равшани рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мебошад.Дар ин рӯз ҳамчунин мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Ислом Назаралиев — Раиси Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон баргузор гардид.Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.Ёдовар мешавем, ки мақомдори рус барои иштирок дар Форуми дуюми байналмилалии сайёҳии "Суғд-чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим" ба вилояти Суғд ташриф овардаанд.
https://sputnik.tj/20250403/tojikiston-intizor-shirkat-rusiya-istikhroj-naft-gaz-1066831347.html
русия
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102356/92/1023569245_65:0:2288:1667_1920x0_80_0_0_0cf1e9c07cfe0502057d37baecde991d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, сайёҳӣ, ҳамкорӣ, русия, густариш ҳамкорӣ, тюмен
тоҷикистон, суғд, сайёҳӣ, ҳамкорӣ, русия, густариш ҳамкорӣ, тюмен
Суғд омодааст ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии Русия тавсеа бахшад
10:48 18.04.2025 (Навсозишуда: 12:13 18.04.2025) Раиси вилояти Суғд бо муовини губернатори вилояти Тюмени Русия масъалаи густариши ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо муовини губернатори вилояти Тюмени Русия Андрей Пантелеев аз сатҳи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои тақвияти ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Раҷаббой Аҳмадзода қайд кард, ки миёни минтақаҳои ду давлат равобити хубу дӯстона барқарор шудааст.
Вай таъкид кард, ки имкониятҳои вилояти Суғд дар бахшҳои сайёҳии экологӣ, моҳидорӣ, шикор, кӯҳнавардӣ, солимгардонӣ ва фароғатӣ хеле фаровон буда, вилоят омода аст, ки ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии Русия тавсеа бахшад.
Раиси вилояти Суғд дар ин дидор қайд кард, ки гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва вилоятҳои Русия дар соли 2024 ба 680 миллион доллар расидааст.
Вай таъкид кард, ки ин нишонаи равшани рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мебошад.
Дар ин рӯз ҳамчунин мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Ислом Назаралиев — Раиси Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки мақомдори рус барои иштирок дар Форуми дуюми байналмилалии сайёҳии "Суғд-чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим" ба вилояти Суғд ташриф овардаанд.