https://sputnik.tj/20250418/jalasai-shuroi-asanbleyai-bayniparumonii-idm-dushanbe-barguzor-1067040553.html
Ҷаласаи навбатии Шӯрои Асанблеяи байнипарумонии ИДМ дар Душанбе баргузор мешавад
Ҷаласаи навбатии Шӯрои Асанблеяи байнипарумонии ИДМ дар Душанбе баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор аст, дар пойтахти Тоҷикистон дар тирамоҳ дар баргузор шавад
2025-04-18T17:59+0500
2025-04-18T17:59+0500
2025-04-18T17:59+0500
дар тоҷикистон
идм
душанбе
рустами эмомалӣ
пешниҳод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/12/1067035639_0:63:1280:784_1920x0_80_0_0_8adad1a846e38bd11af2eb65aa75bed6.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия пешниҳод кард, ки ҷаласаи навбатии ин Шӯро дар Душанбе баргузор шавад.Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст."Пешниҳод мекунам, ки ҷаласаи навбатии шӯро ва ҷаласаи 59-уми пленарии Асанблеяи байнипарлумонии ИДМ дар моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Аз котиботи Шӯро хохиш мекунем, ки санаи дақиқи рӯйдодҳои дар боло зикршударо муайян намуда, ба тамоми аъзои шӯрои порлумонҳои кишварҳои узви ИДМ тавассути шабакаҳои дипломатӣ хабар диҳанд", - гуфт ӯ.Раиси порлумони Тоҷикистон низ омодагии худро барои таҳкими равобит бо Русия эълом кардааст."Мехоҳам таъкид намоям, ки омодагии мо барои идомаи кори муштараки наздик ва созанда барои рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ба нафъи кишварҳо ва халқҳоямон ҳаст", - афзуд Рустами Эмомалӣ.Дар навбати худ Шӯрои Асамблеяи байнипарлумонии ИДМ аз ташаббуси Тоҷикистон, ки соли 2025 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бар ӯҳда дорад, дар бораи баргузории иҷлосияи тирамоҳии Ассамблея дар Душанбе пуштибонӣ кард.Ёдовар мешавем, ки сафари Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург нахустин сафари ӯ ба хориҷи кишвар пас аз дубора интихоб шуданаш ба мақоми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.
https://sputnik.tj/20250418/rustam-emomali-peterburg-khotirai-shahidoni-tojik-jangi-buzurgi-vatani-1067038027.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/12/1067035639_182:0:1242:795_1920x0_80_0_0_de0fa9624aa9abb7a995d59c964a0605.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, идм, ҷаласа, душанбе, баргузор, рустам эмомалӣ,
тоҷикистон, идм, ҷаласа, душанбе, баргузор, рустам эмомалӣ,
Ҷаласаи навбатии Шӯрои Асанблеяи байнипарумонии ИДМ дар Душанбе баргузор мешавад
Ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор аст, дар пойтахти Тоҷикистон дар тирамоҳ дар баргузор шавад
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия пешниҳод кард, ки ҷаласаи навбатии ин Шӯро дар Душанбе баргузор шавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст.
"Пешниҳод мекунам, ки ҷаласаи навбатии шӯро ва ҷаласаи 59-уми пленарии Асанблеяи байнипарлумонии ИДМ дар моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Аз котиботи Шӯро хохиш мекунем, ки санаи дақиқи рӯйдодҳои дар боло зикршударо муайян намуда, ба тамоми аъзои шӯрои порлумонҳои кишварҳои узви ИДМ тавассути шабакаҳои дипломатӣ хабар диҳанд", - гуфт ӯ.
Раиси порлумони Тоҷикистон низ омодагии худро барои таҳкими равобит бо Русия эълом кардааст.
"Мехоҳам таъкид намоям, ки омодагии мо барои идомаи кори муштараки наздик ва созанда барои рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ба нафъи кишварҳо ва халқҳоямон ҳаст", - афзуд Рустами Эмомалӣ.
Дар навбати худ Шӯрои Асамблеяи байнипарлумонии ИДМ аз ташаббуси Тоҷикистон, ки соли 2025 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бар ӯҳда дорад, дар бораи баргузории иҷлосияи тирамоҳии Ассамблея дар Душанбе пуштибонӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки сафари Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург нахустин сафари ӯ ба хориҷи кишвар пас аз дубора интихоб шуданаш ба мақоми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.