https://sputnik.tj/20250418/dushanbe-hangi-jovidon-barguzor-megardad-1067038872.html
Дар Душанбе “Ҳанги ҷовидон” баргузор мегардад
Дар Душанбе “Ҳанги ҷовидон” баргузор мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Иттифоқи собиқадорои интернатсионалисти Тоҷикистон санаи 9-уми май “Ҳанги ҷовидон” аз назди майдони “800 солагии Москав” оғоз мегардад
2025-04-18T15:26+0500
2025-04-18T15:26+0500
2025-04-22T13:52+0500
ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
дар тоҷикистон
"ҳанги ҷовидон"
душанбе
баргузор
80-солагии ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/09/1062799063_0:109:1620:1020_1920x0_80_0_0_e71553c31b3caea0920f6dd805a36115.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои 10-умин бор “Ҳанги ҷовидон” баргузор мегардад.Дар ин бора раиси Иттифоқи собиқадорои интернатсионалисти Тоҷикистон Шавкат Мирзоев ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.Гуфта мешавад санаи 9-уми май ин чорабинӣ аз назди майдони “800 солагии Москав” оғоз мегардад. Дар “Ҳанги Ҷовидон” ҳар нафаре, ки мехоҳад хотираи Қаҳрамонон ва иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватаниро пос дорад, иштирок карда бошад.“Ҳадаф аз баргузор намудани “Ҳанги ҷовидон” ин ҳифзи хотираи таърихии қаҳрамониҳои гузаштагони мо мебошад” иброз дошт Шавкат Мирзоев.Ҳамчунин оқои Мирзоев иброз дошт, ки ҳар яки мо Қаҳрамони худро дорем — хешованд ё шиносе, ки дар он ҷанги мудҳиш иштирок кардааст.“Вазифаи мо ва қарзи муқаддаси мо — ҳифз ва интиқоли хотираи қаҳрамонии онҳо ба фарзандону наберагон ва наслҳои оянда мебошад”, - гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Ҳамоҳангсози Шӯрои ҳамватанони Русия дар Тоҷикистон Олег Ермаков гуфта буд, ки имкон дорад имсол дар ҳамаи шаҳрҳои Тоҷикистон ба муносибати 80-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ "Ҳанги ҷовидон" ташкил ва гузаронида шавад."Ҳанги ҷовидон" иқдомест, ки дар Русия ва хориҷи кишвар ба хотири абадӣ гардонидани хотираи иштирокчиён ва қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ баргузор мешавад. Он нахуст 9 майи соли 2012 дар Томск бо ибтикори хабарнигорони маҳаллӣ баргузор шуда, соли 2013 дар саросари кишвар ва баъдан дар хориҷ низ ба ҳукми анъана даромад.Маъмулан ба "Ҳанги ҷовидон" на танҳо ҷавонон, балки пиронсолону кӯдакон низ ҳамроҳ мешаванд.Ёдовар мешавем, ки солҳои 2017 ва 2018 баргузории роҳпаймоӣ аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон манъ шуда буд. Вале новобаста аз ин мамнуият садҳо нафар аз сокинони Тоҷикистон худсарона бо аксҳои наздиконашон ба роҳпаймоӣ баромада буданд.
https://sputnik.tj/20250414/ishtiroki-nizomiyoni-tojik-guzashti-nizomii-maskav-ghalaba-1066974854.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/09/1062799063_48:0:1488:1080_1920x0_80_0_0_8f8aeffe869117b07cf3b279416f80ab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳанги ҷовидон, душанбе, баргузор, 9 май, ҷанги бузурги ватанӣ
тоҷикистон, ҳанги ҷовидон, душанбе, баргузор, 9 май, ҷанги бузурги ватанӣ
Дар Душанбе “Ҳанги ҷовидон” баргузор мегардад
15:26 18.04.2025 (Навсозишуда: 13:52 22.04.2025) Эксклюзив
Ба иттилои Иттифоқи собиқадорои интернатсионалисти Тоҷикистон санаи 9-уми май “Ҳанги ҷовидон” аз назди майдони “800 солагии Москав” оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои 10-умин бор “Ҳанги ҷовидон” баргузор мегардад.
Дар ин бора раиси Иттифоқи собиқадорои интернатсионалисти Тоҷикистон Шавкат Мирзоев ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Гуфта мешавад санаи 9-уми май ин чорабинӣ аз назди майдони “800 солагии Москав” оғоз мегардад. Дар “Ҳанги Ҷовидон” ҳар нафаре, ки мехоҳад хотираи Қаҳрамонон ва иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватаниро пос дорад, иштирок карда бошад.
“Ҳадаф аз баргузор намудани “Ҳанги ҷовидон” ин ҳифзи хотираи таърихии қаҳрамониҳои гузаштагони мо мебошад” иброз дошт Шавкат Мирзоев.
Ҳамчунин оқои Мирзоев иброз дошт, ки ҳар яки мо Қаҳрамони худро дорем — хешованд ё шиносе, ки дар он ҷанги мудҳиш иштирок кардааст.
“Вазифаи мо ва қарзи муқаддаси мо — ҳифз ва интиқоли хотираи қаҳрамонии онҳо ба фарзандону наберагон ва наслҳои оянда мебошад”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Ҳамоҳангсози Шӯрои ҳамватанони Русия дар Тоҷикистон Олег Ермаков гуфта буд, ки имкон дорад имсол дар ҳамаи шаҳрҳои Тоҷикистон ба муносибати 80-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ "Ҳанги ҷовидон" ташкил ва гузаронида шавад.
"Ҳанги ҷовидон" иқдомест, ки дар Русия ва хориҷи кишвар ба хотири абадӣ гардонидани хотираи иштирокчиён ва қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ баргузор мешавад. Он нахуст 9 майи соли 2012 дар Томск бо ибтикори хабарнигорони маҳаллӣ баргузор шуда, соли 2013 дар саросари кишвар ва баъдан дар хориҷ низ ба ҳукми анъана даромад.
Маъмулан ба "Ҳанги ҷовидон" на танҳо ҷавонон, балки пиронсолону кӯдакон низ ҳамроҳ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои 2017 ва 2018 баргузории роҳпаймоӣ аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон манъ шуда буд. Вале новобаста аз ин мамнуият садҳо нафар аз сокинони Тоҷикистон худсарона бо аксҳои наздиконашон ба роҳпаймоӣ баромада буданд.