https://sputnik.tj/20250417/safir-qirghiziston-may-ruz-mardumon-ittihod-shurav-muttahid-1067025347.html
Сафир дар Қирғизистон: 9 май рӯзест, ки мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравиро муттаҳид месозад
Сафир дар Қирғизистон: 9 май рӯзест, ки мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравиро муттаҳид месозад
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ахиран дар як ҷамъомад аз нақши рӯзи 9 май барои кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ изҳори назар кард
2025-04-17T18:59+0500
2025-04-17T18:59+0500
2025-04-22T13:53+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
ғалаба
рӯзи ғалаба
сиёсат
таърих
ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
80-солагии ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/11/1067026404_1:0:1000:562_1920x0_80_0_0_bf41e5f65e1f71ce74ce12876ae10b3d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Ализода Назирмад ахиран дар як чорабинӣ дар Донишгоҳи миллии Қирғизистон гуфт, ки бояд нагузошт қаҳрамонии мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯраӣ фаромуш шавад ва касе онро аз нав нависад, иттилоъ додааст нашрияи "Вечерный Бишкек".“Аз Ғалабаи Бузург 80 сол гузашт. Он вақтҳо дар солҳои сахти ҷанг ҳатто бачаҳои 15-сола ба хатти ҷабҳа мерафтанд. Имрӯз онҳо қариб садсола шудаанд. Ва агар он вақтҳо андеша дар бораи таҳрифи таърих набуд, ҳоло афсус, ки ин мӯд шудааст. Чаро? Зеро онҳое, ки ин Ғалабаро сохтаанд, ҳар як сатри онро бо ҷони худ навиштаанд, дигар дар назди мо нестанд”, - гуфт сафир.Вай инчунин аз сухбати шахсӣ бо муаллими ғарбӣ ёдовар шуд, ки кушиш мекард исбот кунад, ки дар ҷанг Иттиҳоди Шӯравӣ ғалаба накардааст ва Юрий Гагарин гуё дар кайҳон аввалин набуд.Ализода илова кард, ки 9 май, рӯзест, ки тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро муттаҳид мекунад.Вай афзуд, Тоҷикистон, мисли Қирғизистон, ки дар он вақт ҳудуди якуним миллион аҳолӣ дошт, беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандашро ба ҷанг сафарбар намуд. Аз ин шумор ҳудуди сад ҳазор нафар кушта ва даҳҳо ҳазор нафар бедарак шудаанд. Бисёриҳо маъюб баргаштанд. Садхо хазор кудакон ятим монданд.Вай зикр кард, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо мардон қаҳрамонӣ нишон доданд. Занон ҳам мисли мардон дар ақибгоҳ меҳнат карда, одамонро наҷот медоданд, фарзандонро тарбия мекарданд.Вай афзуд, зиёда аз 20 корхона бо имкониятҳои ниҳоии худ кор мекарданд. Тоҷикистон ба макони тахлияи иншроотҳои саноатӣ, табобатӣ ва фарҳангӣ табдил ёфта, 29 беморхона ва 30 ҳазор нафар, ки ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд табобат гирифтанд.Ба гуфтаи сафири тоҷик, имрӯз дар пасманзари чолишҳои ҷаҳонӣ – мусобиқаи аслиҳа, ҷангҳои мазҳабӣ, ифротгароӣ – сулҳ, муколама ва ҳамкорӣ мазмуни нав пайдо мекунад.Дар охир сафир собиқадорон ва иштирокчиёни ҷангу меҳнатро бо Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба онҳо сулҳу субот, рӯзгори обод ва ваҳдат таманно намуд.
https://sputnik.tj/20250408/khalabon-afsari-ittilooti-hamshirai-shafqat-sahm-zanoni-tojik-ghalaba-1066907823.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/11/1067026404_133:0:882:562_1920x0_80_0_0_7a72f424b589241263660d4a7623c76b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сафир, қирғизистон, иттиҳоди шӯравӣ, ҷанги бузурги ватанӣ, ҳамсоягӣ, нақш
тоҷикистон, сафир, қирғизистон, иттиҳоди шӯравӣ, ҷанги бузурги ватанӣ, ҳамсоягӣ, нақш
Сафир дар Қирғизистон: 9 май рӯзест, ки мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравиро муттаҳид месозад
18:59 17.04.2025 (Навсозишуда: 13:53 22.04.2025) Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ахиран дар як ҷамъомад аз нақши рӯзи 9 май барои кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Ализода Назирмад ахиран дар як чорабинӣ дар Донишгоҳи миллии Қирғизистон гуфт, ки бояд нагузошт қаҳрамонии мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯраӣ фаромуш шавад ва касе онро аз нав нависад, иттилоъ додааст нашрияи
"Вечерный Бишкек".
“Аз Ғалабаи Бузург 80 сол гузашт. Он вақтҳо дар солҳои сахти ҷанг ҳатто бачаҳои 15-сола ба хатти ҷабҳа мерафтанд. Имрӯз онҳо қариб садсола шудаанд. Ва агар он вақтҳо андеша дар бораи таҳрифи таърих набуд, ҳоло афсус, ки ин мӯд шудааст. Чаро? Зеро онҳое, ки ин Ғалабаро сохтаанд, ҳар як сатри онро бо ҷони худ навиштаанд, дигар дар назди мо нестанд”, - гуфт сафир.
Вай инчунин аз сухбати шахсӣ бо муаллими ғарбӣ ёдовар шуд, ки кушиш мекард исбот кунад, ки дар ҷанг Иттиҳоди Шӯравӣ ғалаба накардааст ва Юрий Гагарин гуё дар кайҳон аввалин набуд.
“Чунин изҳорот барои мо нигаронкунанда аст. Мо вазифадорем, ки бо ҷавонон бештар суҳбат кунем. Ба онҳо аз қаҳрамонии миллионҳо нафар хотиррасон шавем”, - қайд кард дипломат.
Ализода илова кард, ки 9 май, рӯзест, ки тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро муттаҳид мекунад.
Вай афзуд, Тоҷикистон, мисли Қирғизистон, ки дар он вақт ҳудуди якуним миллион аҳолӣ дошт, беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандашро ба ҷанг сафарбар намуд. Аз ин шумор ҳудуди сад ҳазор нафар кушта ва даҳҳо ҳазор нафар бедарак шудаанд. Бисёриҳо маъюб баргаштанд. Садхо хазор кудакон ятим монданд.
“Халқи тоҷик аз рӯзҳои аввали ҷанг ягонагӣ ва ба муҳофизати Ватан тайёр будани худро нишон дод. Мо қисмҳои ҷангӣ, аз ҷумла дивизияҳои машҳури 20 ва 61-уми савораро ташкил дода будем, ки дар муҳорибаҳо барои Сталинград иштирок доштанд”, - хотиррасон кард сафир.
Вай зикр кард, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо мардон қаҳрамонӣ нишон доданд. Занон ҳам мисли мардон дар ақибгоҳ меҳнат карда, одамонро наҷот медоданд, фарзандонро тарбия мекарданд.
Вай афзуд, зиёда аз 20 корхона бо имкониятҳои ниҳоии худ кор мекарданд. Тоҷикистон ба макони тахлияи иншроотҳои саноатӣ, табобатӣ ва фарҳангӣ табдил ёфта, 29 беморхона ва 30 ҳазор нафар, ки ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд табобат гирифтанд.
“Тоҷикон сарфи назар аз камбизоатӣ ва душворӣ ба рӯи даҳҳо ҳазор занону кӯдакони манотиқи ҷангзада дари хонаҳои худро боз карданд. Ин бародарии ҳақиқӣ аст”, - кайд кард ӯ.
Ба гуфтаи сафири тоҷик, имрӯз дар пасманзари чолишҳои ҷаҳонӣ – мусобиқаи аслиҳа, ҷангҳои мазҳабӣ, ифротгароӣ – сулҳ, муколама ва ҳамкорӣ мазмуни нав пайдо мекунад.
“Мо ҳамсоя ҳастем. Барои мо муҳим аст, ки сулҳу субот дар хонаи умумии мо пойдор бошад. Ҳушёру муттаҳид бошед, дӯстиро ривоҷ бахшед ва нуфузи давлатҳои моро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоред”, - таъкид кард Ализода.
Дар охир сафир собиқадорон ва иштирокчиёни ҷангу меҳнатро бо Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба онҳо сулҳу субот, рӯзгори обод ва ваҳдат таманно намуд.