https://sputnik.tj/20250417/rusiya-muhojiron-markaz-mutobiqshav-boz-1067011368.html
Дар минтақаҳои Русия барои муҳоҷирон марказҳои мутобиқшавӣ боз мешаванд
Дар минтақаҳои Русия барои муҳоҷирон марказҳои мутобиқшавӣ боз мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Курсҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бар Русия барои кор меоянд дар 70 минтақаи ин кишвар амал хоҳад кард
2025-04-17T11:59+0500
2025-04-17T11:59+0500
2025-04-17T11:59+0500
русия
дар русия
муҳоҷират
марказ
сиёсат
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102262/82/1022628282_0:0:2932:1649_1920x0_80_0_0_ae55e498265425bab5ce6ad19edc1b6d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Қарор аст дар панҷ вилояти Русия дар соли 2025 марказҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирон таъсис дода шаванд.Дар ин бора раиси Оҷонсии федеролӣ дар умури миллатҳои Русия Игор Баринов дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъбастии ин Оҷонсӣ хабар дод.Илова бар ин, то охири сол дар 70 минтақа курси мутобиқсозӣ барои муҳоҷирони корӣ роҳандозӣ хоҳад шуд."Барои муҳоҷирони корӣ курси мутобиқшавӣ таҳия шудааст. Дар 70 минтақа нақшаи иҷрои он то охири соли ҷорӣ тасвиб шуда, тадбирҳои мутобиқшавӣ ба барномаҳои давлатӣ ворид карда намуда ва бо маблағ таъмин шудаанд”,- гуфт Баринов.Ба гуфтаи вай, ҳангоми ташкили курс пешниҳодҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат ва Кумитаи миллии зиддитеррористӣ ба инобат гирифта шуданд.Илова бар ин, дар ҳамаи минтақаҳо ҷузъҳои минтақавӣ омода карда шудаанд, ки хусусиятҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва миллӣ-фарҳангии будубоши хориҷиёнро ба инобат мегиранд.Вай таъкид кард, ки курсҳо бо назардошти тағйироти охирин дар қонунгузории Русия таҳия шудааст.раиси Оҷонсии федеролӣ дар умури миллатҳои Русия афзуд, ки аз соли 2025 лоиҳаи озмоишии таъсиси марказҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирон дар панҷ минтақаи Русия фаъолият хоҳанд кард.Баринов таъкид кард, ки дар соли 2024 теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо корҳои мутобиқшавӣ фаро гирифта шудаанд, беш аз 400 ҳазор нафарро ташкил дод.
https://sputnik.tj/20250327/sarvaziri-rusiya-chorahoi-muhojirat-natija-1066734859.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102262/82/1022628282_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_dd44fd9c6f74999a4cd0556cc59a399a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, муҳоҷирони корӣ, мутобиқшавӣ, марказ, курс
русия, муҳоҷират, муҳоҷирони корӣ, мутобиқшавӣ, марказ, курс
Дар минтақаҳои Русия барои муҳоҷирон марказҳои мутобиқшавӣ боз мешаванд
Курсҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бар Русия барои кор меоянд дар 70 минтақаи ин кишвар амал хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Қарор аст дар панҷ вилояти Русия дар соли 2025 марказҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирон таъсис дода шаванд.
Дар ин бора раиси Оҷонсии федеролӣ дар умури миллатҳои Русия Игор Баринов дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъбастии ин Оҷонсӣ хабар дод.
Илова бар ин, то охири сол дар 70 минтақа курси мутобиқсозӣ барои муҳоҷирони корӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.
"Барои муҳоҷирони корӣ курси мутобиқшавӣ таҳия шудааст. Дар 70 минтақа нақшаи иҷрои он то охири соли ҷорӣ тасвиб шуда, тадбирҳои мутобиқшавӣ ба барномаҳои давлатӣ ворид карда намуда ва бо маблағ таъмин шудаанд”,- гуфт Баринов.
Ба гуфтаи вай, ҳангоми ташкили курс пешниҳодҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат ва Кумитаи миллии зиддитеррористӣ ба инобат гирифта шуданд.
Илова бар ин, дар ҳамаи минтақаҳо ҷузъҳои минтақавӣ омода карда шудаанд, ки хусусиятҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва миллӣ-фарҳангии будубоши хориҷиёнро ба инобат мегиранд.
Вай таъкид кард, ки курсҳо бо назардошти тағйироти охирин дар қонунгузории Русия таҳия шудааст.
раиси Оҷонсии федеролӣ дар умури миллатҳои Русия афзуд, ки аз соли 2025 лоиҳаи озмоишии таъсиси марказҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирон дар панҷ минтақаи Русия фаъолият хоҳанд кард.
Баринов таъкид кард, ки дар соли 2024 теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо корҳои мутобиқшавӣ фаро гирифта шудаанд, беш аз 400 ҳазор нафарро ташкил дод.