https://sputnik.tj/20250416/rasulzoda-oripov-munosibatho-tojikiston-uzbekiston-1066996901.html
Расулзода ва Орипов ба сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон баҳои баланд доданд
Расулзода ва Орипов ба сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон баҳои баланд доданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Хива Узбекистон ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид
2025-04-16T13:06+0500
2025-04-16T13:06+0500
2025-04-16T13:20+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
муносибат
иқтисод
равобит
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/10/1066997195_139:278:1280:920_1920x0_80_0_0_35d4de1fdb85c6a9fa77ad0f6889b582.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар шаҳри Хива таҳти ҳамраисии Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.Дар ин ҷаласа сарвазири Тоҷикистон қайд кард, ки ҳамкории стратегии Тоҷикистону Узбекистон дар солҳои охир бо суръат рушд доранд.Дар ин ҷаласа, роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматӣ ба сатҳи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон баҳои баланд доданд.Дар ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, нақлиёт, гумрук, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.Ҷонибҳо омодагии худро барои густариш ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда дар раванди ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд.Қайд карда шудааст, ки аз натиҷаи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ санади дахлдор ба имзо расонида шуд.Ҳамчунин дар кори ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду давлат иштирок намуданд.
https://sputnik.tj/20250317/afzoishi-shumori-korkhona-sarmoya-tojikiston-uzbekiston-1066597594.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/10/1066997195_202:250:1182:985_1920x0_80_0_0_80ff18311a04650f52692b298470beeb.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, равобит, узбекистон, муносибат, баҳо, иқтисод, комиссия
тоҷикистон, равобит, узбекистон, муносибат, баҳо, иқтисод, комиссия
Расулзода ва Орипов ба сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон баҳои баланд доданд
13:06 16.04.2025 (Навсозишуда: 13:20 16.04.2025) Дар шаҳри Хива Узбекистон ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар шаҳри Хива таҳти ҳамраисии Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа сарвазири Тоҷикистон қайд кард, ки ҳамкории стратегии Тоҷикистону Узбекистон дар солҳои охир бо суръат рушд доранд.
Дар ин ҷаласа, роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматӣ ба сатҳи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон баҳои баланд доданд.
Дар ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, нақлиёт, гумрук, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариш ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда дар раванди ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд.
Қайд карда шудааст, ки аз натиҷаи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ санади дахлдор ба имзо расонида шуд.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду давлат иштирок намуданд.