Ҳушдори ҳавошиносон аз эҳтимоли омадани сел, фаромадни тарма ва сар задани сангрезиш

© Foto / КЧС РТЛиквидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане
Ликвидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2025
Обуна шудан
Аз сабаби гармшавии ҳаво дар моҳи апрел эҳтимоли омадани сел, фаромадни тарма ва сар задани сангрезиш, хусусан дар минтақаҳои кӯҳӣ, вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки бо сабаби гарм шудани ҳаво то охири моҳи апрел дар минтақаҳои кӯҳӣ хатари офатҳои табиӣ боқӣ мемонад, ки бисёре аз онҳо бо тағйиреёбии иқлим вобастаанд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки гармшавии глобалӣ боиси обшавии шадиди пиряхҳо ва воридшавии ҳавои намнок ба кӯҳҳо ва пешкӯҳҳо мегардад.
"Ин дар навбати худ ба афзоиши шиддати боришоти атмосфера оварда мерасонад, ки дар натиҷаи он селу тарма ва сангрезиш ба амал меоянд”, - қайд кардаанд обуҳавошиносон.
Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандагони воситаҳои нақлиёт чунин тавсия додааст, ки бидуни зарурати фаврӣ ба паси чамбари мошин нашинанд.
Последствия схода лавин на трассе Душанбе-Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2025
Вазорати нақлиёт вазъиятро дар роҳҳои автомобилгард пайгирӣ мекунад
Ҳамчунин ин вазорат таъкид кардааст, ки дар шароити обу ҳавои номусоид ронандагон бояд ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд созанд.
“Суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд накунед, аломатҳо ва нишонаҳои роҳро нодида нагиред, масофаи байни мошинҳо ва дигар қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя намоед”, - зикр кардааст вазорати нақлиёт.
Қайд карда шудааст, ки агар шаҳрванд ҳангоми рондани мошин хаста ё асабонӣ шавед, мошинро муддате манъ намуда, истироҳат кунад.
Вазорат таъкид кардааст, ки ронандагон пеш аз рондани мошин аз вазъи обу ҳаво ва тӯфонҳои магнитӣ ҳатмане маълумот гиранд ва чораҳои дахлдор андешанд.
Лентаи хабарҳо
0