ТАЛКО гуфт маҳсулоташро ба куҷо содирот кардааст

© SputnikЗавод ТАЛКО
Завод ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2025
Обуна шудан
Корхонаи ТАЛКО-и Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон тавлиди алюминийро 26% афзоиш дода, ба 25 ҳазор тонна расондааст
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Масъулини корхонаи ТАЛКО ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон (ТАЛКО) тавлиди алюминийро дар семоҳаи аввали соли равон 26,3% афзоиш додааст.
Ба иттилои манбаъ тавлиди алюминий дар ин давра ба 24 921 ҳазор тонна расонида шудааст.
"Талко дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 24 ҳазору 921 ҳазор тонна алюминий тавлид кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазору 189 ҳазор тонна ё худ 26,3% зиёдтар аст", - хабар доданд дар ТАЛКО
Ба гуфтаи вай, содироти алюминий дар моҳҳои январ-март аз 16 433 ҳазор тонна ба 23 791 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.
Маҳсулоти корхона ба Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркия содирот шудааст.
Завод по переработке отходов в Гулистоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2025
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат афзуд
Илова бар ин, ҶСК "Ширкати алюминии тоҷик" бозори дохилиро дар ҳаҷми 2894 ҳазор тонна алюминий таъмин намуд.
Масъулини ин корхона гуфтанд, ки дар корхона татбиқи тадбирҳои аввалиндараҷа ҷиҳати пурра барқарор намудани иқтидори истеҳсолӣ, инчунин баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранокии кори 260 электролизери фаъол идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар соли 2024 тавлиди алюминийро 22% афзоиш дода буд, ва ҳаҷми истеҳсолро ба 88225 ҳазор тонна расонд. Нақшаи пешбинишудаи соли ҷорӣ 108 хазор тонна алюминий мебошад.
Лентаи хабарҳо
0