https://sputnik.tj/20250415/fehristi-panjgona-korkhona-sarmoya-afghoniston-uzbekiston-1066985353.html
Дар феҳристи панҷгона: Афзоиши шумори корхонаҳо бо сармояи Афғонистон дар Узбекистон
Дар феҳристи панҷгона: Афзоиши шумори корхонаҳо бо сармояи Афғонистон дар Узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Узбекистон шумораи корхонаҳое, ки бо сармояи хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар фаъолият мекунанд, эълон кард
2025-04-15T16:27+0500
2025-04-15T16:27+0500
2025-04-15T16:27+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
афғонистон
иқтисод
сармоя
сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0f/1066986180_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_a61a164c54cc18ce1c7eb45d08ce1fd7.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии омори Узбекистон, ба ҳолати 1 апрел дар Узбекистон 15739 корхона бо сармояи хориҷӣ, аз чумла 4031 корхонаи муштарак ва 11708 корхонаи фаръии ширкатҳои хориҷӣ фаъолият мекард.Шумораи ин корхонаҳо назар ба моҳи март 236 адад ё худ 1,5% афзуд.Шумораи ширкатҳо бо ширкатҳо бо сармояи Чин 3711 ададро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи март 135 адад зиёд аст.Русия дар ҷои дуюм қарор дорад, ки 3033 ширкат бо сармояи ин кишвар дар ҳудуди Узбекистон фаъолият дорад. Ба иттилои манбаъ ин шумор нисбат ба моҳи гузашта 17 адад бештар аст.Туркия бо 1 942 ширкат (зиёда 43) ба сегонаи аввал дохил шудааст. Қазоқистон бо 1082 корхона (бетағйир) дар ҷои чаҳорум қарор гирифтааст.Ба иттилои мақомоти Узбекистон бори нахуст сармоягузорони Афғонистон дар ин феҳрист дар миёни панҷ кишвар қарор гирифтааст.Айни замон дар Ӯзбекистон 672 ширкат бо сармояи қисман ё пурраи Афғонистон фаъолият мекунанд.Ба ҳолати 1 марти соли 2025 дар ҳудуди ин кишвар 15503 корхона ва ташкилот бо сармояи хориҷӣ кору фаъолият доранд.Аз ин шумора 4011 адад корхонаҳои муштарак ва 11492 адад ширкатҳои хориҷӣ мебошанд.Аз ҷумла таъкид шудааст, ки дар ҳудуди Узбекистон 329 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият доранд.Манбаъ қайд кардааст, ки Тоҷикистон (329 ширкат), Ҳиндустон (317) ва ИМА (310) дар ин феҳрист ба даҳгона ворид шудаанд.Ёдовар мешавем, ки ба иттилои мақомоти узбекистон ба ҳолати 1 феврали соли равон 315 корхона ва ширкат дар Ӯзбекистон бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекард.Қобили зикр аст, ки шумораи корхонаҳо бо сармояи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар дастрасии кушод нест.
https://sputnik.tj/20250317/afzoishi-shumori-korkhona-sarmoya-tojikiston-uzbekiston-1066597594.html
узбекистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0f/1066986180_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_51d581dfbdcd2dbe2f17789a9c0ca4b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, узбекистон, тоҷикистон, сармоя, корхона, сармоягузорӣ, иқтисод
афғонистон, узбекистон, тоҷикистон, сармоя, корхона, сармоягузорӣ, иқтисод
Дар феҳристи панҷгона: Афзоиши шумори корхонаҳо бо сармояи Афғонистон дар Узбекистон
Мақомоти Узбекистон шумораи корхонаҳое, ки бо сармояи хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар фаъолият мекунанд, эълон кард
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии омори Узбекистон, ба ҳолати 1 апрел дар Узбекистон 15739 корхона бо сармояи хориҷӣ, аз чумла 4031 корхонаи муштарак ва 11708 корхонаи фаръии ширкатҳои хориҷӣ фаъолият мекард.
Шумораи ин корхонаҳо назар ба моҳи март 236 адад ё худ 1,5% афзуд.
Шумораи ширкатҳо бо ширкатҳо бо сармояи Чин 3711 ададро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи март 135 адад зиёд аст.
Русия дар ҷои дуюм қарор дорад, ки 3033 ширкат бо сармояи ин кишвар дар ҳудуди Узбекистон фаъолият дорад. Ба иттилои манбаъ ин шумор нисбат ба моҳи гузашта 17 адад бештар аст.
Туркия бо 1 942 ширкат (зиёда 43) ба сегонаи аввал дохил шудааст. Қазоқистон бо 1082 корхона (бетағйир) дар ҷои чаҳорум қарор гирифтааст.
Ба иттилои мақомоти Узбекистон бори нахуст сармоягузорони Афғонистон дар ин феҳрист дар миёни панҷ кишвар қарор гирифтааст.
Айни замон дар Ӯзбекистон 672 ширкат бо сармояи қисман ё пурраи Афғонистон фаъолият мекунанд.
Ба ҳолати 1 марти соли 2025 дар ҳудуди ин кишвар 15503 корхона ва ташкилот бо сармояи хориҷӣ кору фаъолият доранд.
Аз ин шумора 4011 адад корхонаҳои муштарак ва 11492 адад ширкатҳои хориҷӣ мебошанд.
Аз ҷумла таъкид шудааст, ки дар ҳудуди Узбекистон 329 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият доранд.
Манбаъ қайд кардааст, ки Тоҷикистон (329 ширкат), Ҳиндустон (317) ва ИМА (310) дар ин феҳрист ба даҳгона ворид шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои мақомоти узбекистон ба ҳолати 1 феврали соли равон 315 корхона ва ширкат дар Ӯзбекистон бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекард.
Қобили зикр аст, ки шумораи корхонаҳо бо сармояи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар дастрасии кушод нест.