https://sputnik.tj/20250413/lavrov-tramp-zarurat-hal-munoqisha-ukraina-dark-1066961220.html
Лавров: Трамп зарурати ҳалли муноқишаи Украинаро дарк мекунад
Лавров: Трамп зарурати ҳалли муноқишаи Украинаро дарк мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Лавров гуфт, дар заминаи созиши Украина Русияро на мушкили қаламравҳо, балки мушкилоти мардуме, ки дар онҳо зиндагӣ мекунанд, нигарон кардааст
2025-04-13T13:20+0500
2025-04-13T13:20+0500
2025-04-13T13:20+0500
дар русия
сергей лавров
сиёсат
доналд трамп
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0d/1066959536_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_ea142a22b9df81b48b38a33a14437b42.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп яке аз чанд раҳбарони ғарбист, дарк мекунад, ки муноқишаи Украинаро танҳо бо рафъи сабабҳои аслии он ҳал кардан мумкин аст. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, дар Форуми IV дипломатии Анталия изҳор дошт. Тавре Лавров қайд кард, Иёлоти Муттаҳида зарурати ҳалли масъалаҳои минтақавӣ дар заминаи созиши Украинаро дарк мекунад."Онҳо эътироф мекунанд, ки масъалаҳои минтақавӣ бояд дар заминаи истиқрори созиши дарозмуддат ҳал шаванд", - гуфт вазири корҳои хориҷии Русия. Лавров қайд кард, ки дар заминаи созиши Украина Русияро на мушкили қаламравҳо, балки мушкилоти мардуме, ки дар онҳо зиндагӣ мекунанд, нигарон кардааст. "Русияро қаламравҳо, балки аз мардуме, ки дар ин қаламравҳо зиндагӣ мекунанд, ки аҷдодони онҳо асрҳо дар онҷо зиндагӣ кардаанд, шаҳрҳое чун Одесса бунёд кардаанд, роҳҳо, бандарҳо, корхонаҳо, заводҳо бунёд кардаанд, нигарон аст. Одамоне, ки дар онҷо зиндагӣ мекарданд, ҳоло аз тамоми ҳуқуқҳои инсонӣ маҳрум шудаанд", - қайд кард вазир.Вай ҳамчунин таъкид кард, ки сиёсати Ҷо Байден барои "инзиво" аз Русия аблаҳӣ буд. Дар ҳамин ҳол, Русия ва Амрико, ба гуфтаи Лавров, равобити дуҷониба ва ба эътидол овардани кори намояндагиҳои дипломатиро, ки дар замони демократҳо халалдор шуда буд, баррасӣ мекунанд. Ба гуфтаи вай, барои пешрафт дар равобити Русия ва Амрико ҳамеша имконот вуҷуд дорад ва муколама миёни Русия ва маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп зарур аст.
https://sputnik.tj/20250412/kreml-mavzu-muloqot-putin-uitkoff-hall-nizo-ukraina-1066956521.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0d/1066959536_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_1a4ab09ec83a07ad11926e2895ffb022.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров трамп зарурат ҳал муноқиша украина дарк
лавров трамп зарурат ҳал муноқиша украина дарк
Лавров: Трамп зарурати ҳалли муноқишаи Украинаро дарк мекунад
Лавров гуфт, дар заминаи созиши Украина Русияро на мушкили қаламравҳо, балки мушкилоти мардуме, ки дар онҳо зиндагӣ мекунанд, нигарон кардааст
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп яке аз чанд раҳбарони ғарбист, дарк мекунад, ки муноқишаи Украинаро танҳо бо рафъи сабабҳои аслии он ҳал кардан мумкин аст.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, дар Форуми IV дипломатии Анталия изҳор дошт.
"Ягона роҳи ҳалли мушкилот ва расидан ба сулҳи пойдор ин аз байн бурдани сабабҳои аслии низоъ аст. Президент Трамп аввалин ва то ба ҳол, ба фикрам, тақрибан ягона раҳбари ғарбӣ шуд, ки борҳо гуфтааст, ҷалби Украина ба НАТО иштибоҳ аст. Ва ин яке аз сабабҳои аслии он аст, ки мо борҳо таъкид кардаем",- гуфт ӯ.
Тавре Лавров қайд кард, Иёлоти Муттаҳида зарурати ҳалли масъалаҳои минтақавӣ дар заминаи созиши Украинаро дарк мекунад.
"Онҳо эътироф мекунанд, ки масъалаҳои минтақавӣ бояд дар заминаи истиқрори созиши дарозмуддат ҳал шаванд", - гуфт вазири корҳои хориҷии Русия.
Лавров қайд кард, ки дар заминаи созиши Украина Русияро на мушкили қаламравҳо, балки мушкилоти мардуме, ки дар онҳо зиндагӣ мекунанд, нигарон кардааст.
"Русияро қаламравҳо, балки аз мардуме, ки дар ин қаламравҳо зиндагӣ мекунанд, ки аҷдодони онҳо асрҳо дар онҷо зиндагӣ кардаанд, шаҳрҳое чун Одесса бунёд кардаанд, роҳҳо, бандарҳо, корхонаҳо, заводҳо бунёд кардаанд, нигарон аст. Одамоне, ки дар онҷо зиндагӣ мекарданд, ҳоло аз тамоми ҳуқуқҳои инсонӣ маҳрум шудаанд", - қайд кард вазир.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки сиёсати Ҷо Байден барои "инзиво" аз Русия аблаҳӣ буд.
Дар ҳамин ҳол, Русия ва Амрико, ба гуфтаи Лавров, равобити дуҷониба ва ба эътидол овардани кори намояндагиҳои дипломатиро, ки дар замони демократҳо халалдор шуда буд, баррасӣ мекунанд.
Ба гуфтаи вай, барои пешрафт дар равобити Русия ва Амрико ҳамеша имконот вуҷуд дорад ва муколама миёни Русия ва маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп зарур аст.