Муҳриддин муколамаи Осиёи Марказӣ ва Русияро ояндадор номид

© Foto / Пресс-служба МИД ТаджикистанаМинистр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин на переговорах с Сергеем Лавровым
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин на переговорах с Сергеем Лавровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2025
Обуна шудан
Дар натиҷаи мулоқоти сарони вазоратҳои умури хориҷӣ дар Алмаато, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ният доранд, ки шарикии худро дар тиҷорат, логистика ва амният густариш диҳанд
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Тоҷикистон формати Осиёи Марказӣ-Русияро ҳамчун платформаи ояндадор барои пешбурди ҳамкории кишварҳои иштирокчӣ мешуморад.
Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳаштумин нишасти сарони Вазоратҳои умури хориҷии кишварҳои иштирокчӣ, ки дар Алмаато баргузор шуд, изҳор дошт, хабар медиҳад дафтари матуботи Вазорат.
Ба гуфтаи ӯ , Тоҷикистон рушди минбаъдаи ин форматро дастгирӣ мекунад ва онро платформаи ояндадор барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак мешуморад.
Вазир инчунин муносибати Тоҷикистонро ба масъалаи тасдиқи нақшаи амалиёти муштарак оид ба татбиқи қарорҳои роҳбарони кишварҳои формат изҳор намуд.
Заседание СМИД СНГ в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2025
Вазирони хориҷаи кишварҳои ИДМ масъалаи танзими равандҳои муҳоҷиратро баррасӣ карданд
Вазир таъкид кард, ки Душанбе ба зудтар тасдиқ ва татбиқи амалии он манфиатдор аст.
Иштирокчиён вазъи кунунии ҳамкорӣ, аз ҷумла ташаббусҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва нақлиёт, инчунин масъалаҳои амният ва субот дар минтақаро баррасӣ карданд.
Дар доираи мулоқот роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷӣ оид ба самтҳои асосии ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.
Аз ҷумла, афзоиши гардиши мол, рушди гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ муҳокима карда шуданд. Ба робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ, аз ҷумла маориф, илм ва сайеҳӣ диққати алоҳида дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0