Таътили шаш соатаи фурудгоҳи Душанбе дар пайи хуруҷи ҳавопаймо аз бонд

CC BY-SA 4.0 / Amin Nouabahr / Boeing 737 varesh airlines in mehrabad airport 2018Самолет авиакомпании Varesh Airlines. Архивное фото
Самолет авиакомпании Varesh Airlines. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2025
Обуна шудан
Дар пайи вахомати шароитҷӯи ва бориши тагарги шадид, ҳавопаймои ширкати “Вориш” аз масири бонди фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мунҳариф шуд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Яке аз ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии "Вориш", ки аз Эрони озими Душанбе буд, аз масири бонди фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон мунҳариф шуд, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.
Маркази матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ин хабарро ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса соати 11:14 дақиқа (ба вақти Душанбе) 10 апрел ба вуқуъи пайваст ва дар пайи он фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои беш аз шаш соъат ба ҳолати таълиқ даромад.
Ба иттилои хабаргузории "Форс" ҳавопаймои боинги 737 – 500, ки аз Теҳрон ба Душанбе парвоз мекард, ба далели вахомати шароити обу ҳавоӣ ва тагарги шадид натавонист роҳат ба замин биншинад ва аз бонди хориҷ ва мавонеъро барои фурӯд ва парвози соири ҳавопаймоҳо эҷод кард.
© Foto / FarsnewsСамолет авиакомпании Varesh выкатился за пределы полосы
Самолет авиакомпании Varesh выкатился за пределы полосы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2025
Самолет авиакомпании Varesh выкатился за пределы полосы
Дар пайи ин ҳодисаи фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муваққатан мутаваққиф ва тамомии парвозҳо ба фурудгоҳи Хуҷанд маркази устони шимолии Тоҷикистон равон шуданд.
Роҳандозии парвози мустақим аз Тоҷикистон ба Шерози Эрон
Тавре ин расона хабар додааст, танҳо соати 7 шом (ба вақти Душанбе) ҳавопаймои ширкати “Вориш” ба паркинг мунтақил ва пас аз он фаъолияти фурудгоҳи Душанбе ба таври комил аз сар гирифта шуд.
Дар ҳамин ҳол, маркази матбуоти фурудгоҳи байналмилалӣ хабар дод, ки ин парвоз ҳомили 135 мусофир ва хадамаи парвозӣ буд ки дар пайи ин ҳодисаи ҳеҷ гунаи талафоти ҷонӣ ё осеби ҷаддӣ ба сарнишинон нарасидааст.
Манбаъ қайд кардаааст, ки мусофирон аз дохили ҳавопаймо сиҳату саломат берун оварда шуданду бағоҷҳояшонро низ ба дасташон супурда шуд.
Лентаи хабарҳо
0