Дар Тоҷикистон лимити барқ лағв шуд

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2025
Обуна шудан
Ширкати "Барқи Тоҷик" эълон кардааст, ки маҳдудияти неруи барқ дар ҳудуди Тоҷикистон пурра бардошта шуд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Шуруъ аз 11 апрел дар тамоми минтақаҳои кишвар маҳдудияти неруи барқ шабона бардошта шуд.
Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода сухангӯи "Барқи тоҷик" ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ айни замон сар аз ҳамин рӯз маҳдудияти шабонаи нерӯи барои тамоми аҳолии кишвар аз байн бардошта шуда. Дар назар аст рӯзҳои наздик вобаста ба вазъи обу ҳаво ва резиши об маҳдудият ба пуррагӣ аз байн бардошта шавад.
"Давоми як ду рӯзи оянда, вобаста ба вазъи обу ҳаво ва резиши об дар обанбори нерӯгоҳи барқии обии Норак, маҳдудияти рӯзонаи нерӯи барқ низ аз байн бардошта мешавад" - иттилоъ дод Аҳмадзода.
Ёдовар мешавем, ки авохири моҳи сентябри соли гузашта ширкати "Барқи Тоҷик" расман дар бораи маҳдудияти расонидани барқ яъне лимит эълон карда буд.
Ширкат гуфта буд, ки ин тасмим ба хотири он гирифта шудааст, ки сол аз сол талаботи аҳолӣ ба барқ зиёд мешавад ва дар зимистони сарди соли гузашта шояд ба дарёи Вахш об камтар ояд.
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2024
Вазир аз лимити барқ чизе нагуфт, аммо гуфт ангишту дигар сӯзишвориҳо захира намоед
Ин ниҳод дар такя ба мутахассисони соҳа гуфтааст, соли ҷорӣ норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як миллиард киловатт – соатро пешгўӣ мешавад.
Ба гуфтаи "Барқи тоҷик", таҷрибаи солҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки барои таъмини сифатноки барқ дар мавсими сармо ҷорӣ кардани маҳдудият дар давраи нисбатан гарм будани ҳаво барои аҳолӣ мушкилоти зиёд намеорад.
Қаблан раиси ширкати "Барқи тоҷик", Муҳаммадумар Асозода, зимни нишасте гуфт, ки маҳудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон замоне бартараф мешавад, ки ҳаҷми об дар дарё барои тавлиди ҳаҷми нерӯи барқ, ки талаботро қонеъ кунад, боло равад.
Аммо вазири энержӣ Далер Ҷумъа мегӯяд, бинобар тағйирёбии иқлим вазъ ташвишовартар мешавад.
Лентаи хабарҳо
0