Оверчук аз аввалин созишномаи озмоишӣ дар бозори ягонаи энергетикии ИИАО хабар дод

© Foto / Евразийская экономическая комиссияЗаместитель Председателя Правительства России Алексей Оверчук
Заместитель Председателя Правительства России Алексей Оверчук  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2025
Обуна шудан
Муовини нахуствазири Русия дар як суҳбат ба рӯзноманигорон гуфт, ки ифтитоҳи пурраи бозори ягонаи энержӣ дар ИИАО 1 январи соли 2027 ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук гуфт, ки бо мақсади ташаккули бозори ягонаи энергетикӣ ​​соли гузашта кишварҳои ИИАО таҳияи ҳуҷҷатҳои асосиро, ки сохтори онро муайян мекунад, ба анҷом расониданд.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия дар мусоҳиба бо нашрияи "Известия" изҳор доштааст.
"Қоидаҳои тиҷорати мутақобилаи нерӯи барқ, қоидаҳои ҳамкории иттилоотии иштирокчиёни бозор, қоидаҳои муайян ва тақсими иқтидори қитъаҳои шабакаҳои байнидавлатии барқ ​​тасдиқ карда шуданд”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ ва меъёрӣ, ки равандҳои ҳамкории байни иштирокчиёни бозорро муфассал шарҳ медиҳанд, дар марҳилаи ниҳоӣ қарор доранд.
Заседание Высшего государственного совета Союзного государства  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2025
Лукашенко гуфт чаро ИИАО муҳим аст: Бозор ин зиндагист, бояд муттаҳид шавем
“Аслан заминаи меъёрӣ барои роҳандозии бозор аллакай омода аст. Вазифаи асосӣ ҳоло беҳтар намудани ҳамкории амалии байни иштирокчиёни тиҷорат мебошад. Мо интизорем, ки имсол аввалин савдои санҷиширо сурат бигирад”, - қайд кард оқои Оверчук.
Вай афзуд, ки бозори ягонаи энергетикӣ аз ҷиҳати структураи ташкили савдо бозори аз ҳама мураккаб аст.
“Мо механизми беназири тиҷорати неруи барқро эҷод кунем, ки ба мо имкон диҳад, дар вақти воқеӣ шартномаҳоро бандем ва қувваи барқро якбора байни панҷ кишвар тақсим намоем”, - гуфт Оверчук.
Мансабдори рус илова кард, ки ифтитоҳи пурраи бозор 1 январи соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0