Шарҳи истифодаи шабакаҳои асаби маснӯӣ дар расонаҳо ба донишҷӯёни Тоҷикистон

© SputnikМастер-класс SputnikPRO для журналистов в Душанбе
Мастер-класс SputnikPRO для журналистов в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2025
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон дарси устоди Sputnik PRO баргузор шуд, ки дар ҷараёни он хабарнигорони ҷавон аз истифодаи зеҳни сунъӣ дар кори худ ошно шуданд
ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. Семинар маркази "Фазои Русия" дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар мавзӯи “тартиб додани маводи аслӣ бо истифода аз шабакаҳои асаби маснӯӣ” баргузор гардид.
Дар доираи лоиҳаи таълимии Sputnik PRO, мутахассисони медиахолдинги "Россия сегодня" ба рӯзноманигорони ҷавон шарҳ доданд, ки чӣ гуна бо истифода аз шабакаҳои асаби маснӯӣ як хабарнигор метавонад тамоми ҳайати таҳририяро иваз намояд.
© SputnikМастер-класс SputnikPRO для журналистов в Душанбе
Мастер-класс SputnikPRO для журналистов в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2025
Ҳамин тариқ, таҳиягар ва коршинос дар умури истифодаи ҳуш маснӯӣ дар ВАО Александр Петров таҷрибаи худро дар бораи истифодаи шабакаҳои асаби маснӯӣ барои зуд сохтани муаррифинома, тартиб додани дархостҳои фаврӣ барои зуд ба даст овардани маълумоти зарурӣ ва кадом ҳуш маснӯӣ беҳтар метавонад кӯмак кунад ва кадом шабака зуд метавонад аз сифр тамоми филмро эҷод кунад, шарҳ дод.
Хабарнигор Sputnik Тоҷикистон ба донишҷӯён дар бораи вижагиҳои эҷоди матнҳои гузориш ва чӣ гуна аз хабарҳои "оддӣ" барои мисол аз хабарҳои "дилгиркунанда" сохтани қиссаҳои ғайриоддӣ ва муҳимро шарҳ дод.
© SputnikМастер-класс SputnikPRO для журналистов в Душанбе
Мастер-класс SputnikPRO для журналистов в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2025
Ба мутахассисони ҷавон инчунин шарҳ дода шуд, ки чаро онҳо набояд фикр кунанд, ки худи ҳуш маснӯӣ одамонро иваз мекунад, аммо донистани хусусиятҳои шабакаҳои асаби маснӯӣ барои кори оянда муҳим аст.
Ба донишҷӯёни тоҷик гуфта шуд, ки чӣ гуна дар фазои расонаӣ бо фейкҳо мубориза бурд
Дар семинар даҳҳо донигшҷӯён ва устодон донишгоҳҳои олии пойтахт иштирок доштанд.
Дар навбати худ мутахассисони Sputnik PRO ба саволҳои мубрами шунавандагон дар бораи ояндаи шабакаҳои асаби маснӯӣ дар рушди соҳаи расонаҳо посух доданд.
Лентаи хабарҳо
0