https://sputnik.tj/20250405/kiev-shumorai-zarba-inshoot-energetiki-rusiya-afzoish-1066872868.html
Киев шумораи зарбаҳо ба иншооти энергетикии Русияро ба мартиб афзоиш додааст
Киев шумораи зарбаҳо ба иншооти энергетикии Русияро ба мартиб афзоиш додааст
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина шумори зарбаҳо ба иншооти энергетикиии Русияро бо истифода аз паҳподҳои низомӣ ва тӯпхонаӣ ба маротиб афзоиш додааст
2025-04-05T19:51+0500
2025-04-05T19:51+0500
2025-04-07T11:34+0500
русия
дар русия
амалиёти вижа
украина
паҳпод
зарба
иншоот
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1b/1066742242_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2bad411d42e853697a57c259c40ed84a.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Вазорати дифои Русия гуфт, ки режими Киев шумори ҳамлаҳо ба иншоотҳои энергетикии Русияро ба маротиб афзоиш додааст."Дар давоми 24 соати охир нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба инфрасохтори энергетикии Русия 14 ҳамла анҷом доданд", — қайд кардааст вазорати дифоъ.Ҳамин тавр, дар вилояти Брянск, иншооти ширкати “Россетӣ – Брянскенерго”, дар вилояти Белгород - Маркази “Россетӣ – Белгороденерго”, дар вилояти Липецк - Маркази “Россетӣ – Липецкенерго” таҳти ҳамлаҳои паҳподҳо қарор гирифтанд. Дар вилояти Смоленск хати баландшиддати "Нерӯгоҳи ҳастаии Смоленск — Калуга" бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дар вилояти Воронеж хати баландшиддати "Острогожск-районная" канда шуданд.Дар шаҳри Кременнаяи ҶМЛ як ҳавопаймои бесарнишин ба истгоҳи тақсими гази филиали ширкати "Чорноморнафтогаз" - Идораи қубури магистралии "Луганскгаз" ва дар вилояти Херсон - зеристгоҳи Виноградовои филиали ширкати "Россети" - Таврическое” ҳамла кард."Ҳамин тавр, аз субҳи рӯзи ҷумъа, 4 апрел, режими Киев бар хилофи ҳама изҳорот ва ӯҳдадориҳои Зеленский дар назди ҷониби Амрико дар бораи қатъи зарбаҳо ба иншооти энергетикии Русия, шумораи ҳамлаҳои якҷонибаро бо истифода аз ҳавопаймоҳо ва тӯпхонаӣ ба инфрасохтори энергетикии вазоратҳои дифоъи Русия ба маротиб афзоиш додааст”-, қайд кардааст вазорат.Рӯзи 18 март дар сӯҳбат бо ҳамтои амрикоиаш Доналд Трамп, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба қатъи оташбас дар тӯли 30 рӯз ба иншооти инфрасохтори энержӣ розӣ шуд ва ба низомиён дастури дахлдор дод. Владимир Зеленский ҳамчунин изҳор дошт, ки Киев аз ин пешниҳод пуштибонӣ хоҳад кард.Сипас, рӯзи 24 март дар Риёз музокироти гурӯҳҳои коршиносии Русия ва Амрико баргузор шуд ва дар пайи он ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки механизми манъи чунин ҳамлаҳоро таҳия кунанд. Баъдтар Кремл рӯйхати иншоотҳои энергетикиро нашр кард. Аммо нерӯҳои мусаллаҳи Украина пайваста ин созишномаҳоро нақз мекунанд.
https://sputnik.tj/20250404/duvumin-sarbozi-ukraina-viloyati-kursk-benomu-nishon-1066867041.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1b/1066742242_313:0:3044:2048_1920x0_80_0_0_3f2d87c7c1a886b8bc22f0a97ec72c23.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, зарба, иншоот, энергетикӣ, русия, амалиёти вижа, украина
русия, зарба, иншоот, энергетикӣ, русия, амалиёти вижа, украина
Киев шумораи зарбаҳо ба иншооти энергетикии Русияро ба мартиб афзоиш додааст
19:51 05.04.2025 (Навсозишуда: 11:34 07.04.2025) Нерӯҳои мусаллаҳи Украина шумори зарбаҳо ба иншооти энергетикиии Русияро бо истифода аз паҳподҳои низомӣ ва тӯпхонаӣ ба маротиб афзоиш додааст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Вазорати дифои Русия гуфт, ки режими Киев шумори ҳамлаҳо ба иншоотҳои энергетикии Русияро ба маротиб афзоиш додааст.
"Дар давоми 24 соати охир нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба инфрасохтори энергетикии Русия 14 ҳамла анҷом доданд", — қайд кардааст вазорати дифоъ.
Ҳамин тавр, дар вилояти Брянск, иншооти ширкати “Россетӣ – Брянскенерго”, дар вилояти Белгород - Маркази “Россетӣ – Белгороденерго”, дар вилояти Липецк - Маркази “Россетӣ – Липецкенерго” таҳти ҳамлаҳои паҳподҳо қарор гирифтанд. Дар вилояти Смоленск хати баландшиддати "Нерӯгоҳи ҳастаии Смоленск — Калуга" бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дар вилояти Воронеж хати баландшиддати "Острогожск-районная" канда шуданд.
Дар шаҳри Кременнаяи ҶМЛ як ҳавопаймои бесарнишин ба истгоҳи тақсими гази филиали ширкати "Чорноморнафтогаз" - Идораи қубури магистралии "Луганскгаз" ва дар вилояти Херсон - зеристгоҳи Виноградовои филиали ширкати "Россети" - Таврическое” ҳамла кард.
"Ҳамин тавр, аз субҳи рӯзи ҷумъа, 4 апрел, режими Киев бар хилофи ҳама изҳорот ва ӯҳдадориҳои Зеленский дар назди ҷониби Амрико дар бораи қатъи зарбаҳо ба иншооти энергетикии Русия, шумораи ҳамлаҳои якҷонибаро бо истифода аз ҳавопаймоҳо ва тӯпхонаӣ ба инфрасохтори энергетикии вазоратҳои дифоъи Русия ба маротиб афзоиш додааст”-, қайд кардааст вазорат.
Рӯзи 18 март дар сӯҳбат бо ҳамтои амрикоиаш Доналд Трамп, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба қатъи оташбас дар тӯли 30 рӯз ба иншооти инфрасохтори энержӣ розӣ шуд ва ба низомиён дастури дахлдор дод. Владимир Зеленский ҳамчунин изҳор дошт, ки Киев аз ин пешниҳод пуштибонӣ хоҳад кард.
Сипас, рӯзи 24 март дар Риёз музокироти гурӯҳҳои коршиносии Русия ва Амрико баргузор шуд ва дар пайи он ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки механизми манъи чунин ҳамлаҳоро таҳия кунанд. Баъдтар Кремл рӯйхати иншоотҳои энергетикиро нашр кард. Аммо нерӯҳои мусаллаҳи Украина пайваста ин созишномаҳоро нақз мекунанд.