Дастури вазир ба диаспораҳо дар Русия: Ба муҳоҷирон дар ҳалли мушкилоташон кумак намоед

© Foto / Министерство труда, миграции и занятости населения Республики ТаджикистанВстреча Министра труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан Солехи Холмахмадзоды с лидерами, активистами таджикской диаспоры и соотечественниками, проживающими и работающими в Российской Федерации.
Встреча Министра труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан Солехи Холмахмадзоды с лидерами, активистами таджикской диаспоры и соотечественниками, проживающими и работающими в Российской Федерации. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2025
Обуна шудан
Вазири тоҷик гуфт, дар ҳудуди Русия 67 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ахиран вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо роҳбарон, фаъолони диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар Русия кору зиндагӣ менамоянд, мулоқот кард
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод.
Вазир дар ин дидор қайд кард, ки айни замон 67 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар ҳудуди Русия фаъолият доранд.
Вай дар ин мулоқот изҳори боварӣ кард, ки ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон барои таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳаллу фасл намудани дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ саҳми муносиб мегиранд.
Иттилоъ дода шудааст, ки нуқтаи асосӣ дар ин чорабинӣ ин расонидани бештари иттилоот ба муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар Русия иборат буд.
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2025
Сарвазири Русия умедвор аст, ки чораҳои қабулшуда дар бахши муҳоҷират натиҷа хоҳад дод
Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони президенти Русия шаҳрвандони хориҷӣ имкон доранд, ки дар ҳудуди Русия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубоши худро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият ва будубош намоянд.
Дар дидор вазир аз роҳбарони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ даъват кард, ки бо ҳисси баланди миллӣ барои мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи муҳоҷирони меҳнатӣ, пешрафти кор фаъолияти онҳо дар давлати иқомат фаъолияти худро пурзӯр намоянд.
Вазир аз ҳозирин барои обод намудани як гӯшаи ватан даъват кард
Бояд қайд намуд, ки чунин вохуриҳо ҳамасола дар арафаи ҷашнгирии Иди байналмилалии “Наврӯз” ва Истиқлоли давлатии Тоҷикистон доир мегардад.
Лентаи хабарҳо
0