ВКД-и Русия: Беш аз 89% хориҷиён дар Русия қонунӣ ҳузур доранд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВыдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2025
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилаи Русия эълон кардааст, ки теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди ин кишвар ҳузур доштанд, ба маротиб коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар Русия 6,3 миллион шаҳрванди хориҷӣ кору зиндагӣ дорад, ки беш аз 89,2% онҳо ба таври қонунӣ дар ин кишвар қарор доранд.
Дар ин бора муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой хабар дод.
"Дар соли нави ҷорӣ 6,3 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки нисбат ба як соли пеш 5,1% бештар аст. Аксари онҳо, яъне 89,2% қонунӣ ҳастанд", - гуфт ӯ дар 9-умин анҷумани байнулмилалиимеҳнаткашони Санкт-Петербург.
Оқои Горовой ёдовар шуд, ки тақрибан 5-6 сол пеш шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ иқомат доштанд, ба 30% расида буд.

"Тақрибан 60% шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошанд", - афзуд муовини вазир.

Ба гуфтаи вай, дар соли 2024 беш аз 9,5 миллион нафар вориди Русия шудаанд.
“Саҳми шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои кор ба ин кишвар омадаанд, 37,9%, таҳсил 4,2%, сайёҳӣ 5,7% ва барои боздидҳои хусусӣ қариб 30%-ро ташкил медиҳад. Зиёда аз 9,3 миллион нафар рафтанд”, - афзуд Горовой.
Премьер-министр РФ Михаил Мишустин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2025
Сарвазири Русия аз мушкилот дар бахши муҳоҷират гуфт
Вай илова кард, ки Русия тамоюли тағйири тадриҷии сохтори қувваи кории хориҷиро қайд намудааст.
“Аз рӯи шумораи шаҳрвандоне, ки ба меҳнат машғуланд, Қирғизистон бори аввал дар таърихи Русияи ба ҷои дуввум баромад", - қайд кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Русия зикр кард, ки дар ҳудуди кишвараш наздик ба 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Вай гуфта буд, ки Маскав талош дорад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия меоянд, шароити муносиби корӣ фароҳам кунад.
Дар ҳамин ҳол, ҷараёни муҳоҷирони корӣ ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 15% коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои вазорати меҳнат ҳамоно беш аз 95 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба хориҷа мераванд, маъмулан Русияро интихоб мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0