Миллионҳо сомонӣ хисорот: Сӯхтори НФС-и "Сомон ойл" дар Истаравшан

© AP / Hassan AmmarСотрудники гражданской обороны тушат пожар, вызванный возгоранием гигантского дизельного бака, в результате которого сгорело более десятка автомобилей на парковке и было повреждено здание неподалеку в жилом районе Бейрута, Ливан
Сотрудники гражданской обороны тушат пожар, вызванный возгоранием гигантского дизельного бака, в результате которого сгорело более десятка автомобилей на парковке и было повреждено здание неподалеку в жилом районе Бейрута, Ливан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар натиҷаи сӯхтори НФС “Сомон ойл” ҳамчунин ба мағозаҳои хӯрокворӣ, сару либос ва анбори нигаҳдории маводи сӯхти ин ширкат хисорот калони молӣ расидааст.
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ахиран як Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) “Сомон ойл” воқеъ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд комилан ба коми оташ рафт.
Дар ин бора сардори Идораи сӯхторнишонии шаҳри Истаравшан Эҳсон Ҷамолзода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дар як муддати кӯтоҳ алангаи оташ аз НФС зуд доман паҳн кард.
Тавре манбаъ таъкид кардааст, дар натиҷаи сӯхтор ҳамчунин ба мағозаҳои хӯрокворӣ, сару либос, оғилхона ва анбори нигаҳдории маводи сӯхти ин ширкат хисорот расонида шудааст.
Хабар дода шудааст, ки ҳамаи ин иншоотҳо ба коми оташ рафтанд.
“Аз ҳисоби он, ки оташ дар як муддати кӯтоҳ масоҳати зиёдро фаро гирифт ба ҷои ҳодиса 6 адад мошини сӯхторнишонии аз шаҳру атрофи ноҳияҳои Истаравшан сафарбар шуданд. Аз ҷумла аз мошинҳои сӯхторхомушкунии аз ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод ва Раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Суғд сафарбар шуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Эҳсон Ҷамолзода, сардори Идораи сӯхторнишонии шаҳри Истаравшан мегӯяд, ба хотири он, ки алангаи оташ хУле масофаи зиёдро фаро гирифТ, сӯхторхомушкунон аз соати 22:00 шоми 3 апрел то соати 8:00 субҳи 4 апрел бо оташ мубориза бурданд.

“Танҳо баъд аз 10 соати мубориза, сӯхтор пурра хомуш карда шуд. Беш аз 150 метри мураббаъ иншоотҳои атроф аз коми оташ наҷот дода шуданд", - гуфт ӯ.

Эҳсон Ҷамолзода ҳамчунин илова кард, сӯхтор дар натиҷаи нодуруст пур кардани зарфҳои нигоҳдории бензин ва салярка ба вуҷуд омадааст.
Дар натиҷаи ин чанд зарфи нигоҳдории бензин ва салярка пурра сӯхта ба хокистар табдил ёфтааст.
Бино ба иттилои дарёфтаи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ин ҳодиса ду нафар ба ҳисоби роҳбари ширкат захм бардоштанд. Феълан мақомот сабаби асоссии сар задани сӯхтор ва зарари расида аз онро таҳқиқ дорад.
Последствия пожара на рынке в Кубодиёне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2024
Оташсӯзӣ дар бозори марказии Ҷайҳун: қариб хокистар шуд
Ёдовар мешавем, ки ин гуна сӯхтор дар вилояти Суғд дар ин авохир бори аввал нест. Чанде пеш анбори нигаҳдории маводи сӯзишвории “Суғднефт” дар ноҳияи Спитамен ба коми оташ рафт. Дар ин ҳодиса як нафар корманди ин ширкат кушта шуд.
Лентаи хабарҳо
0