https://sputnik.tj/20250404/iiao-hamkori-osiyoi-markazi-avrupo-tavsea-1066861456.html
ИИАО метавонад ба ҳамкориҳо байни Осиёи Марказӣ ва Аврупо тавсеа бахшад
ИИАО метавонад ба ҳамкориҳо байни Осиёи Марказӣ ва Аврупо тавсеа бахшад
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қайд кардааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои потенсиали бузург буда, афзоиши босуръати иқтидори саноатӣ нишон медиҳанд
2025-04-04T16:29+0500
2025-04-04T16:29+0500
2025-04-04T16:29+0500
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
осиёи марказӣ
аврупо
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/13/1065175471_0:61:1401:849_1920x0_80_0_0_8e72bfde3af87d0a9cca0ac94fc00772.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё метавонад ба як платформае табдиил гардад, ки ба амиқтар кардани ҳамкориҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ кумак намояд.Дар ин бора муовини директори департаменти сиёсати саноатии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Георгий Арзуманян изҳор дошт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.Георгий Арзуманян бо таъкид аз нақши муҳими Осиёи Марказӣ дар равандҳои ҳамгироӣ дар фазои АвруОсиё қайд кард, ки Қазоқистону Қирғизистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастанд ва Узбекистон дар ИИАО мақоми нозирро дорад."Як самти муҳими рӯзномаи ҳамгироии мо дастгирии бахши воқеии иқтисод ва рушди кооператсияи саноатӣ мебошад. Комиссия занҷирҳои кооператсияро дар чунин соҳаҳо, аз қабили мошинсозӣ, истеҳсоли таҷҳизоти нафту газ, саноати сабук, саноати кимиё ва ғайра таъсис медиҳад", - қайд кард Арзуманян.Намояндаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таъкид кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои иқтидори бузург буда, афзоиши босуръати иқтидори саноатӣ нишон медиҳанд.Ин аз як тараф, барои иштироки кишварҳои минтақа дар бунёди истеҳсолоти муштараки технологӣ дар чаҳорчӯби ИИАО имкониятҳои хуб фароҳам оварда бошад, аз тарафи дигар, ба мо имкон медиҳад, ки ба сармоягузориҳои АвруОсиё ва Аврупо ва шарикии нави технологӣ дар Осиёи Марказӣ умед бахшем.
https://sputnik.tj/20250403/lavrov-tijorat-ozod-vetnam-iiao-imtiyoz-musbat-1066846091.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/13/1065175471_94:0:1306:909_1920x0_80_0_0_0d995e22130d8493616fc6170740efc4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, осиёи марказӣ, аврупо, тавсеа, иқтисод
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, осиёи марказӣ, аврупо, тавсеа, иқтисод
ИИАО метавонад ба ҳамкориҳо байни Осиёи Марказӣ ва Аврупо тавсеа бахшад
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қайд кардааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои потенсиали бузург буда, афзоиши босуръати иқтидори саноатӣ нишон медиҳанд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё метавонад ба як платформае табдиил гардад, ки ба амиқтар кардани ҳамкориҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ кумак намояд.
Дар ин бора муовини директори департаменти сиёсати саноатии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Георгий Арзуманян изҳор дошт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Георгий Арзуманян бо таъкид аз нақши муҳими Осиёи Марказӣ дар равандҳои ҳамгироӣ дар фазои АвруОсиё қайд кард, ки Қазоқистону Қирғизистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастанд ва Узбекистон дар ИИАО мақоми нозирро дорад.
"Як самти муҳими рӯзномаи ҳамгироии мо дастгирии бахши воқеии иқтисод ва рушди кооператсияи саноатӣ мебошад. Комиссия занҷирҳои кооператсияро дар чунин соҳаҳо, аз қабили мошинсозӣ, истеҳсоли таҷҳизоти нафту газ, саноати сабук, саноати кимиё ва ғайра таъсис медиҳад", - қайд кард Арзуманян.
Намояндаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таъкид кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои иқтидори бузург буда, афзоиши босуръати иқтидори саноатӣ нишон медиҳанд.
Ин аз як тараф, барои иштироки кишварҳои минтақа дар бунёди истеҳсолоти муштараки технологӣ дар чаҳорчӯби ИИАО имкониятҳои хуб фароҳам оварда бошад, аз тарафи дигар, ба мо имкон медиҳад, ки ба сармоягузориҳои АвруОсиё ва Аврупо ва шарикии нави технологӣ дар Осиёи Марказӣ умед бахшем.