https://sputnik.tj/20250404/idm-guzaronidani-soli-hifzi-salomati-ittihodiya-barrasi-1066859832.html
Кишварҳои ИДМ гузаронидани соли ҳифзи саломатӣ дар ҳудуди Иттиҳодияро баррасӣ карданд
Кишварҳои ИДМ гузаронидани соли ҳифзи саломатӣ дар ҳудуди Иттиҳодияро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ таҳияи нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои ИДМ-ро баррасӣ кард
2025-04-04T15:19+0500
2025-04-04T15:19+0500
2025-04-04T15:19+0500
идм
тандурустӣ
дар тоҷикистон
ҳифз
саломатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/04/1066859140_0:133:1280:853_1920x0_80_0_0_e0ea03f322b4a9b1ebddf9697b681c25.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ахиран дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносон, ки ба таври маҷозӣ сурат гирифт, таҳияи Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои ИДМ ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” баррасӣ шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларусия, ҳамчунин намояндагони Фонди Байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ ва котиботи Ассамблеяи байниидоравии ИДМ иштирок намуданд.Дар ин ҷаласа Тоҷикистонро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода муаррифӣ кард.Қайд карда шудааст, ки коршиносон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” мубодилаи афкор намуданд.Ҳамчунин онҳо нақша ва чоабиниҳои соҳаро баррасӣ ва фикру андешаҳои худро барои густариши ҳамкориҳо дар ин самт иброз доштанд.Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2025 раёсати ниҳодҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон гузашт.Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки дар соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузории 113 чорабинӣ дар назар аст.
https://sputnik.tj/20250327/saroni-hukumathoi-kishvarho-idm-dushanbe-barrasi-1066730918.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/04/1066859140_84:0:1221:853_1920x0_80_0_0_3a06528311b618c6447c9d1c10c979c7.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, идм, ҳифзи саломатӣ, омодагӣ, гузаронидан, тандурустӣ
тоҷикистон, идм, ҳифзи саломатӣ, омодагӣ, гузаронидан, тандурустӣ
Кишварҳои ИДМ гузаронидани соли ҳифзи саломатӣ дар ҳудуди Иттиҳодияро баррасӣ карданд
Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ таҳияи нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои ИДМ-ро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ахиран дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносон, ки ба таври маҷозӣ сурат гирифт, таҳияи Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои ИДМ ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларусия, ҳамчунин намояндагони Фонди Байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ ва котиботи Ассамблеяи байниидоравии ИДМ иштирок намуданд.
Дар ин ҷаласа Тоҷикистонро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода муаррифӣ кард.
Қайд карда шудааст, ки коршиносон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин онҳо нақша ва чоабиниҳои соҳаро баррасӣ ва фикру андешаҳои худро барои густариши ҳамкориҳо дар ин самт иброз доштанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2025 раёсати ниҳодҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон гузашт.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки дар соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузории 113 чорабинӣ дар назар аст.