https://sputnik.tj/20250403/vengriya-dodgoh-baynalmilali-jinoi-khorij-shavad-1066842756.html
Маҷористон тасмим гирифт, ки аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ хориҷ шавад
Маҷористон тасмим гирифт, ки аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ хориҷ шавад
Sputnik Тоҷикистон
Маҷористон дар пасманзари боздиди Нетаняҳу аз ДБҶ хориҷ шуданашро эълон кард 03.04.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-04-03T16:40+0500
2025-04-03T16:40+0500
2025-04-03T16:40+0500
дар ҷаҳон
маҷористон
сиёсат
бинёмин нетаняҳу
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/02/1060697968_0:427:2882:2048_1920x0_80_0_0_8912fbeac2df611dbbb969d76a69a175.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Ҳукумати Маҷористон тасмим гирифт, ки аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ)хориҷ шавад.Дар ин бора роҳбари дастгоҳи сарвазири Маҷористон, Гергей Гуйяш хабар дод.Ин дар пасманзари сафари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рух дод, ки барои боздошти ӯ ДБҶ дар моҳи ноябри соли 2024 дастури ҳабс содир карда буд.Сабаби тафтишот иттиҳоми раиси ҳукумати Исроил дар ҷиноятҳои ҷангӣ дар навори Ғазза будааст. Ба ҷуз аз ӯ, додгоҳ мехоҳад вазири собиқи дифоъ Йоава Галантро низ боздошт кунад. Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан моҳи ноябри соли 2024 гуфт, ки ният дорад Нетаняҳуро ба кишвар даъват кунад ва кафолат диҳад, ки ҳукми ДБҶ дар қаламрави он иҷро нашавад. Сардори дастгоҳи сарвазири Маҷористон Гергеӣ Гуйяш гуфт, ки Маҷористон муқаррароти ДБҶ-ро тасвиб накардааст, аз ин рӯ нахуствазири Исроил метавонад бидуни тарси боздошт ба ин кишвар бехатар сафар кунад.
https://sputnik.tj/20240512/erdughon-netanyahuro-bo-hitler-qiyos-kard-1062822368.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/02/1060697968_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_419c471c264714742b63c80aec0a46eb.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, маҷористон, сиёсат , бинёмин нетаняҳу
дар ҷаҳон, маҷористон, сиёсат , бинёмин нетаняҳу
Маҷористон тасмим гирифт, ки аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ хориҷ шавад
Маҷористон дар пасманзари боздиди Нетаняҳу аз ДБҶ хориҷ шуданашро эълон кард
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Ҳукумати Маҷористон тасмим гирифт, ки аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ)хориҷ шавад.
Дар ин бора роҳбари дастгоҳи сарвазири Маҷористон, Гергей Гуйяш хабар дод.
"Ҳукумат тасмим гирифт, ки аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ хориҷ шавад. Тартиби қатъи салоҳиятҳо тибқи конститутсия ва чаҳорчӯби ҳуқуқии байналмиллалӣ аз ҷониби ҳукумат рӯзи панҷшанбе оғоз хоҳад шуд", - изҳор дошт Гуйяш.
Ин дар пасманзари сафари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рух дод, ки барои боздошти ӯ ДБҶ дар моҳи ноябри соли 2024 дастури ҳабс содир карда буд.
Сабаби тафтишот иттиҳоми раиси ҳукумати Исроил дар ҷиноятҳои ҷангӣ дар навори Ғазза будааст.
Ба ҷуз аз ӯ, додгоҳ мехоҳад вазири собиқи дифоъ Йоава Галантро низ боздошт кунад.
Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан моҳи ноябри соли 2024 гуфт, ки ният дорад Нетаняҳуро ба кишвар даъват кунад ва кафолат диҳад, ки ҳукми ДБҶ дар қаламрави он иҷро нашавад.
Сардори дастгоҳи сарвазири Маҷористон Гергеӣ Гуйяш гуфт, ки Маҷористон муқаррароти ДБҶ-ро тасвиб накардааст, аз ин рӯ нахуствазири Исроил метавонад бидуни тарси боздошт ба ин кишвар бехатар сафар кунад.